Дар чараёни сафар ба Люксембург Вазири корхои хоричии Казокистон Мурат Нуртлеу бо президенти бонки Сармоягузории Аврупо Надия Калвино мулокот намуд. Чонибхо густариши хамкорихоро дар сохахои гуногун, аз чумла инфрасохтор, экология ва наклиёт барраси намуданд.

Ба лоихахои навсозии системахои обтаъминкуни ва обпартои дар Казокистон, инчунин ба рушди инфрасохтори наклиёти дар доираи коридори Миёна диккати махсус дода шуд. Казокистон шарикони аврупоиро барои иштирок дар ин лоихахои мухим даъват мекунад.
Илова бар ин, масъалахои маблаггузории лоихахои экологи ва рушди инфрасохтори раками барраси намуда шуданд. Чонибхо дар бораи амиктар намудани хамкори ва татбики лоихахои муштарак ба мувофика расиданд.
Дар баробари ин, вазир як катор вохурихоро бо намояндагони ширкатхои пешрафтаи Белгия ва Люксембург, ба монанди “Sarens”, “Cargolux” ва “SES” баргузор намуд. Дурнамои хамкори дар сохаи наклиёт ва логистика, рушди хамлу накли хавопаймохои боркаш ва истифодаи технологияхои раками мухокима намуда шуданд.
Аксхо: ВКХ ЧК
