Казокистон ва Киргизистон хамкорихои иктисодиро таквият медиханд - ИА Караван Инфо
Казокистон ва Киргизистон хамкорихои иктисодиро таквият медиханд

Дар форуми тичоратии Казокистону Киргизистон дар Бишкек, ки 2 декабр баргузор шуд, созишномахои тичорати ба маблаги беш аз 8,2 миллион доллар ба имзо расиданд. Форум ба авчи миссияи серузаи тичоратию иктисоди, ки аз чониби Вазорати савдо ва хамгироии ЧК, QazTrade ва палатаи Тичоратию саноатии Киргизистон ташкил намуда шудааст, табдил ёфт.

Дар чорабини намояндагони 80 ширкати ду кишвар иштирок намуданд, инчунин хайати Казокистонро муовини вазири савдо ва хамгирои Кайрат Торебаев рохбари намуд. “Форум майдони мухим барои мухокимаи дурнамои хамкории дучонибаи мо гардид. Бовари дорам, ки созишномахои имзошуда барои лоихахои нави муштарак хавасманд хоханд шуд”, — кайд намуд Торебаев.

Форум вохурихои B2B – ро дар бар мегирифт, ки дар он 30 ширкати Казокистони бо шарикони киргиз гуфтушунид намуданд. Хафт созишнома дар сохахои гуногун ба имзо расидаанд, ки таваччухи зиеди чонибхоро ба рушди робитахои иктисоди таъкид мекунанд.

Аксхо: вазорати савдо ва хамгироии ЧК

error: