Конфронси байналмилалӣ оид ба амният дар Осиёи Марказӣ – ИА Караван Инфо
Конфронси байналмилалӣ оид ба амният дар Осиёи Марказӣ

Дар Душанбе конфронси байналмилалӣ дар мавзӯи «Чоришҳо ва таҳдидҳо ба амнияти минтақавии кишварҳои Осиёи Марказӣ» бомуваффақият анҷом ёфт.

Чорабиниро Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо кўмаки Фонди ба номи Конрад Аденауэр ва Фонди миллии «Роҳи абрешим — роҳи муттаҳидшавӣ»  ташкил карда буд.

Дар конфронс коршиносон ва олимони варзидаи кишварҳои Осиёи Марказӣ гирди ҳам омада, масъалаҳои калидии марбут ба амният ва субот дар минтақаро баррасӣ карданд.

Дар байни мавзӯъҳои баррасишуда ба масъалаҳои мубориза бо ифротгароӣ, ҷиноятҳои фаромарзӣ, идоракунии захираҳои табиӣ ва амнияти энергетикӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда шуд.

Олимон якдилона ба хулоса омаданд, ки суботи Осиёи Марказӣ мустақиман ба сатҳи ҳамкориҳои минтақавӣ вобастагӣ дорад. Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода   ва директори Пажӯҳишгоҳи масъалаҳои Осиё ва Аврупо Рустам Ҳайдарзода   таъкид карданд, ки таҳкими ҳамкории кишварҳои минтақа омили асосии муқовимати муваффақ ба таҳдидҳои муосир хоҳад буд.

Ба гуфтаи Наргиза Умарова, пажӯҳишгари Пажӯҳишгоҳи мутолеъоти пешрафтаи байналмилалӣ дар Донишгоҳи Ҷаҳонии Иқтисод ва Дипломатия дар Тошканд, бо дарназардошти ташаннуҷи геополитикии кунунӣ дар ҷаҳон, ки бо афзоиши хушунат ва низоъҳои шиддати мухталиф ҳамроҳ аст, барои “панҷгона”-и Осиёи Марказӣ нигоҳ доштани субот дар минтақа тавассути муқовимати муассир ба чолишҳо ва таҳдидҳои муосир, ҳаётан муҳим аст.

Ташкилотчиёни конфронс қайд карданд, ки танҳо тавассути муттаҳидсозии нерӯ ва тадбирҳои ҳамоҳангшуда рушди устувори минтақаро таъмин кардан мумкин аст. Дар рафти чорабинӣ тавсияҳо таҳия карда шуданд, ки барои баррасӣ ва татбиқи минбаъда ба ҳукуматҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ ирсол карда мешаванд. Конфронс ба як платформаи муҳим барои баррасии масъалаҳои мубрами рӯз ва таҳкими ҳамкориҳои илмӣ табдил ёфтааст, ки эҳтимолан ба амният ва субот дар Осиёи Марказӣ мусоидат мекунад.

АКС: Академияи миллии илмҳо

error: