Вазири корхои хоричии Русия Сергей Лавров изхор дошт, ки рохбарияти Русия ба натичаи интихоботи ояндаи президентии ИМА, ки 5 ноябр баргузор мешавад, ахамият намедихад. Дар мусохиба бо мачаллаи амрикоии Newsweek, у кайд намуд, ки байни ду хизби асосии сиёсии ИМА “Консенсуси духизби” дар бораи муковимат бо Русия вучуд дорад.
“Дар мачмуъ, ба мо фарк надорад, ки ин интихобот бо назардошти он, ки дар ИМА консенсуси духизби дар бораи муковимат бо Русия ба вучуд омадааст, чи гуна хотима меёбад”, — таъкид намуд Лавров. Вай инчунин илова намуд, Ки дар сурати тагйир ёфтани вазъи сиёси дар Амрико ва пайдо шудани пешниходхое, ки ба Москва таваччух доранд, Русия омода аст онхоро барраси кунад.
Лавров диккати худро ба он равона намуд, ки новобаста аз натичаи интихобот, Москва “манфиатхои худро, алахусус дар масъалахои амнияти милли, катъиян химоя мекунад”. Вазир изхори умедвори намуд, ки президенти нави ИМА ба чои чустучуи “саёхатхои даххо хазор мил дуртар аз сохилхои Амрико” ба халли мушкилоти дохили тамаркуз хохад намуд.
Дар интихоботи имсола, ноиби президент Камала Харрис аз Хизби Демократ намояндаги мекунад ва Президенти собик Доналд Трамп барои мансаби Хизби Чумхурихох мубориза хохад бурд.
Аксхо: БЕЛТА

