Маърифати ҳуқуқӣ — пояи рушди устувори давлат: дар Дарвоз масъалаҳои баланд бардоштани фарҳанги ҳуқуқӣ ва ваҳдати миллӣ баррасӣ шуданд - ИА Караван Инфо
Маърифати ҳуқуқӣ — пояи рушди устувори давлат: дар Дарвоз масъалаҳои баланд бардоштани фарҳанги ҳуқуқӣ ва ваҳдати миллӣ баррасӣ шуданд

Душанбе, 15 июн, – АИ «Корвон Иттилоот».  Дар Гимназияи №1 барои хонандагони болаёқати ноҳияи Дарвоз  12 июн ҳамоиши ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Маърифати ҳуқуқӣ — шарти рушди устувори давлат» баргузор гардид, ки намояндагони мақомоти давлатӣ, ҷомеаи илмӣ, сохторҳои судӣ, аҳли дин ва ташкилотҳои ҷамъиятиро гирди ҳам овард.

Ҳамоиш ба майдони муҳими муҳокимаи масъалаҳои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, таҳкими ваҳдати миллӣ ва масъулияти ҷомеа дар роҳи рушди минбаъдаи давлат дар шароити ҷаҳони муосир табдил ёфт.

Дар кори чорабинӣ раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Мирзонабот Алишер Худобердӣ, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, Корманди шоистаи Тоҷикистон Рудобаи Мукаррам, муовини якуми директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои иқтисодӣ Ораз Муртазозода, судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фотеҳ Қувватзода, раиси Шурои уламои Маркази исломии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдуқодирзода ва дигар шахсиятҳои илмӣ ва ҷамъиятӣ иштирок намуданд.

Таъкид гардид, ки ҳадафи асосии ҳамоиш баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии аҳолӣ, таҳкими ваҳдати миллӣ, арҷгузорӣ ба дастовардҳои даврони истиқлолият, эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ва ҳифзи сулҳу субот дар ҷомеа мебошад.

Дар доираи маърузаҳо иштирокчиён масъалаҳои марбут ба саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккули низоми ҳуқуқии кишвар, нақши худшиносии миллӣ дар рушди фарҳанги ҳуқуқӣ, робитаи рушди иқтисодӣ бо маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва аҳамияти тарбияи ҳуқуқӣ дар бунёди ҷомеаи муосири шаҳрвандиро баррасӣ карданд.

Иштирокчиён зикр намуданд, ки имрӯз маърифати ҳуқуқӣ на танҳо воситаи ҳифзи манфиатҳои қонунии шаҳрвандон, балки яке аз омилҳои муҳими рушди устувори давлат ба ҳисоб меравад. Баланд будани сатҳи фарҳанги ҳуқуқӣ ба таҳкими волоияти қонун, ташаккули ҷомеаи масъули шаҳрвандӣ ва самаранокии идоракунии давлатӣ мусоидат менамояд.

Таваҷҷуҳи махсус ба масъалаи кор бо ҷавонон равона гардид. Зикр шуд, ки дар шароити тағйироти босуръати ҷаҳонӣ насли ҷавон бояд дар баробари донишҳои муосир ва малакаҳои касбӣ, ҳамчунин ҳуқуқ, уҳдадориҳо ва масъулияти худро дар назди ҷомеа ва давлат хуб дарк намояд.

Дар қисмати мубоҳисавии ҳамоиш намояндагони ҷомеа, фаъолон ва сокинони ноҳия доир ба таҳкими маърифати ҳуқуқӣ, ҳифзи ризоияти ҷамъиятӣ ва баланд бардоштани фаъолнокии шаҳрвандон мубодилаи афкор анҷом доданд.

Дар анҷоми чорабинӣ раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Рудобаи Мукаррам ба китобхонаи ноҳияи Дарвоз силсилакитобҳои «Ваҳдат, Давлат, Президент»-ро тақдим намуд.

Ҳамоиши ҷумҳуриявӣ дар Дарвоз бори дигар нишон дод, ки ташаккули фарҳанги ҳуқуқӣ яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ буда, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ ҳамчун заминаи муҳими рушди устувори кишвар ва таҳкими ниҳодҳои давлатдорӣ арзёбӣ мегардад.

Акс: Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон