Душанбе, 11 май, – АИ «Корвон Иттилоот». Дар Майдони Ғалабаи ноҳияи Спитамен ба ифтихори 81-умин солгарди Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941–1945 маросими бошукӯҳи гулчанбаргузорӣ баргузор гардид.

Дар чорабинии тантанавӣ иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Спитамен Ҷамшед Ҷӯразода, намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Тоҳир Толибзода, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Бахтиёр Аҳмадзода, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, собиқадорон, фаъолон ва намояндагони ташкилоту муассисаҳо иштирок намуданд.
Зимни баргузории маросим иштирокдорон бо эҳтирому арҷгузории хоса ба пояи муҷассамаи шаҳидон ва қурбониёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ гулчанбар ва гулдастаҳо гузошта, хотираи неки фарзандони шуҷои Ватанро пос доштанд.

Ҳамзамон, ба хотири гиромидошти шаҳидон ва ҳамаи онҳое, ки баҳри ҳифзи сулҳу озодӣ ҷони худро нисор намудаанд, дақиқаи хомӯшӣ эълон гардида, ҳозирин бо эҳсоси баланди ватандӯстиву ифтихори миллӣ аз қаҳрамониву ҷоннисориҳои насли калонсол ёдовар шуданд.
Қайд гардид, ки саҳми фарзандони Тоҷикистон дар таъмини Ғалаба бар фашизм назаррас буда, корнамоиҳои онҳо ҳамчун намунаи олии шуҷоат, матонат ва садоқат ба Ватан ҳамеша мавриди қадршиносӣ қарор дорад.


Маросими гулчанбаргузорӣ дар фазои эҳтиром ба таърих, арҷгузорӣ ба қаҳрамониҳои гузаштагон ва таҳкими ҳисси ватандӯстиву худшиносии миллӣ баргузор гардид.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Спитамен
