Масъалаҳои калидии инфрасохтори сифат дар маркази таваҷҷуҳи ҷаласаи 69-уми Шӯрои байнидавлатии кишварҳои ИДМ қарор гирифтанд - ИА Караван Инфо
Масъалаҳои калидии инфрасохтори сифат дар маркази таваҷҷуҳи ҷаласаи 69-уми Шӯрои байнидавлатии кишварҳои ИДМ қарор гирифтанд

Душанбе, 12 июл, – АИ «Корвон Иттилоот». Аз 7 то 12 июли соли 2026 дар вилояти Иссиқкӯли Ҷумҳурии Қирғизистон ҷаласаи 69-уми Шӯрои байнидавлатӣ оид ба стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва аккредитатсияи давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардида истодааст. Ин ҳамоиш яке аз минбарҳои муҳими ҳамоҳангсозии сиёсати соҳавӣ дар фазои ИДМ ба шумор рафта, ба масъалаҳои тақвияти инфрасохтори сифат ва ҳамгироии низомҳои миллии танзимӣ равона шудааст.

Дар кори ҷаласа директори Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Раҳмон Исломиддин Хайриддин бо ҳайати намояндагони агентӣ иштирок намуда, Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин рӯйдоди муҳими байналмилалӣ намояндагӣ менамояд.

Ба ҷаласа инчунин намояндагони Кумитаи иҷроияи ИДМ, роҳбарони мақомоти миллии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва аккредитатсияи ҷумҳуриҳои Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Ӯзбекистон, Тоҷикистон ва Федератсияи Россия, инчунин намояндагони созмонҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ ҳузур доранд.

Дар доираи рӯзномаи ҷаласа як қатор масъалаҳои муҳими соҳа мавриди баррасӣ қарор мегиранд. Аз ҷумла, натиҷаҳои фаъолияти кумитаҳои техникӣ ва гурӯҳҳои корӣ дар нимсолаи якуми соли 2026 дар самти стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва аккредитатсия, тадбирҳо барои аз байн бурдани монеаҳои техникӣ дар савдо, Озмун барои дарёфти Ҷоизаи ИДМ дар соҳаи сифати маҳсулот ва хизматрасонӣ, инчунин дурнамои ҳамкориҳои байналмилалӣ муҳокима мешаванд.

Қарорҳое, ки дар доираи ҷаласа қабул хоҳанд шуд, ба рушди низоми инфрасохтори сифат, такмили фаъолияти мақомоти миллии соҳа, баланд бардоштани сатҳи маҳсулот ва хизматрасонӣ, ҷорӣ намудани низомҳои муосири идоракунии сифат дар корхонаҳои истеҳсолӣ ва рафъи монеаҳои техникӣ дар савдо мусоидат хоҳанд кард.

Ҳамзамон, ин қарорҳо барои густариши ҳамкориҳои байнидавлатӣ, рушди тиҷорати мутақобила ва истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир, ки ба талаботи бозорҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ мебошад, заминаи мусоид фароҳам меоранд.

Қобили зикр аст, ки Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо давлатҳои узви Шӯрои байнидавлатӣ пайваста барои мутобиқ намудани стандартҳои байнидавлатӣ ба талаботи меъёрҳои байналмилалӣ, такмили санадҳои меъёрӣ ва рушди инфрасохтори сифат тадбирҳои мушаххас амалӣ менамояд.

Татбиқи чунин иқдомҳо барои баланд бардоштани сифати молу маҳсулоти ватанӣ, афзоиши иқтидори содиротӣ, рақобатпазир гардидани маҳсулоти миллӣ дар бозорҳои хориҷӣ ва амалӣ шудани ҳадафи стратегии саноатикунонии босуръати Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти муҳим дорад.

Ҳузури фаъоли ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи 69-уми Шӯрои байнидавлатӣ бори дигар аз таваҷҷуҳи кишвар ба рушди низоми миллии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва аккредитатсия ва ҳамчунин таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ дар ин самт шаҳодат медиҳад.

АКС: Агентии Точикстандарт