Душанбе, 10 июн, – АИ «Корвон Иттилоот». Дар толори хурди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд 9 июн таҳти роҳбарии Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода машварати корӣ баргузор гардид.

Дар ҷаласа масъалаҳои омодагӣ ва дар сатҳи баланд баргузор намудани Форуми XI байналмилалии фарҳангию маърифатии давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил таҳти унвони «Кӯдакони Иттиҳод», XII Намоишгоҳи байналмилалии савдо ва сармоягузории «Суғд-2026», инчунин вусъат бахшидани корҳои ободониву созандагӣ ва омодагӣ ба таҷлили шоистаи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар рафти ҷаласа ҳисоботи масъулини соҳаҳои дахлдор шунида шуда, барои иҷрои саривақтӣ ва босифати вазифаҳои гузошташуда дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.
Таъкид гардид, ки дар доираи Форуми XI байналмилалии фарҳангию маърифатии «Кӯдакони Иттиҳод» кӯдакону наврасон аз кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба вилояти Суғд ташриф оварда, бо таърих, фарҳанг, анъанаҳои миллӣ, мавзеъҳои таърихию сайёҳӣ ва табиати нотакрори минтақа шинос хоҳанд шуд. Ҳамзамон баргузории чорабиниҳои фарҳангию маърифатӣ ва мусобиқаҳои варзишӣ низ дар назар аст.
Зимни баррасии омодагӣ ба XII Намоишгоҳи байналмилалии савдо ва сармоягузории «Суғд-2026» иттилоъ дода шуд, ки чорабинӣ аз 17 то 20 июн баргузор мегардад. Тибқи барнома, 18 июн дар Театри давлатии мазҳака-мусиқии ба номи Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд форуми байналмилалӣ таҳти унвони «Имкониятҳои савдо ва сармоягузорӣ ва дурнамои ҳамкорӣ» баргузор шуда, пас аз нисфирӯзӣ дар Қасри варзиши шаҳри Хуҷанд маросими расмии ифтитоҳи намоишгоҳ доир мегардад. Барномаи чорабинӣ ҳамчунин муҳокимаҳои панелӣ ва муаррифии имкониятҳои иқтисодии минтақаҳои кишварҳои иштироккунандаро дар бар мегирад.

Раиси вилоят таъкид намуд, ки баргузории чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ ба таҳкими нуфузи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ, муаррифии имкониятҳои иқтисодиву сармоягузорӣ, рушди соҳаи сайёҳӣ ва густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ мусоидат менамояд.
Дар идомаи машварат масъалаҳои вобаста ба корҳои ободониву созандагӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ баррасӣ гардиданд. Зикр шуд, ки тибқи дастуру ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳру ноҳияҳои вилоят корҳои созандагӣ бо маром идома дошта, нақшаи бунёди иншооти ҷашнӣ барзиёд иҷро гардидааст.
Иттилоъ дода шуд, ки то имрӯз дар ҳудуди вилоят беш аз 13 ҳазор иншоот мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, сохтмони зиёда аз 3 ҳазор иншооти дигар идома дорад.
Қайд карда шуд, ки татбиқи чунин тадбирҳо ба рушди устувори соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, аз ҷумла маориф, тандурустӣ, фарҳанг ва варзиш мусоидат намуда, барои беҳтар гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.
Дар анҷоми ҷаласа Раиси вилоят ба роҳбарони сохторҳо ва мақомоти дахлдор ҷиҳати таъмини иҷрои босифати нақшаҳо, баргузории чорабиниҳои байналмилалӣ дар сатҳи баланд ва тақвияти корҳои ободониву созандагӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд
