МАЗОРИ ШАРИФ: деҳае, ки ду ёдгории он ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО шомил шудаанд - ИА Караван Инфо
МАЗОРИ ШАРИФ: деҳае, ки ду ёдгории он ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО шомил шудаанд

Душанбе, 14 июл, – АИ «Корвон Иттилоот». Деҳаи Мазори Шарифи деҳоти Лоиқ Шералии шаҳри Панҷакент яке аз муҳимтарин марказҳои таърихию фарҳангии Тоҷикистон ба шумор меравад. Дар ҳудуди ин деҳа ду ёдгории нодир — мақбараи Хоҷа Муҳаммад Башоро ва шаҳраки бостонии Тали Хамтӯда — ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО шомил гардидаанд, ки аҳамияти байналмилалии ин мавзеъро боз ҳам тақвият мебахшанд.

Тавре Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни таҷлили 5500-солагии Саразми бостонӣ таъкид намуда буданд, Панҷакенти қадим на танҳо зодгоҳи сардафтари адабиёти тоҷику форс Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, балки яке аз марказҳои асосии ташаккули тамаддуни куҳани тоҷикон мебошад.

Имрӯз дар баробари ин ду ёдгории машҳур, бостоншиносон таҳқиқоти илмиро дар Қаландартеппа, ки бо номи Қурғони Қаландар низ маъруф аст, идома медиҳанд. Ин ёдгорӣ ба асри VIII милодӣ тааллуқ дошта, ҳафриётро кормандони Осорхонаи ҷумҳуриявии таърихию кишваршиносии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ анҷом медиҳанд.

Раиси шаҳри Панҷакент Абдухолиқ Холиқзода зимни сафари корӣ ба деҳоти Лоиқ Шералӣ аз ин мавзеъҳои таърихӣ боздид намуда, бо рафти корҳои таҳқиқотӣ ва тармиму барқарорсозӣ шинос шуд.

Зимни боздид иттилоъ дода шуд, ки мақбараи Хоҷа Муҳаммад Башоро, ки ба асрҳои XI–XIV мансуб аст, на танҳо бо мақоми соҳибаш дар таърихи ислом, балки бо меъмории нодири худ, ки дар Осиёи Марказӣ ҳамто надорад, таваҷҷуҳи зиёди сайёҳону зиёраткунандагонро ҷалб мекунад. Айни замон корҳои тармими ин ёдгорӣ идома доранд.

Ёдгории дигари таърихии деҳа — Тали Хамтӯда — тибқи хулосаи бостоншиносон ба асрҳои II–I то милод ва асрҳои I–III ва V милодӣ тааллуқ дошта, намунаи барҷастаи санъати истеҳкомсозӣ, кулолгарӣ ва ҳунармандии ниёгони тоҷик маҳсуб мешавад.

Ба иттилои мутахассисон, Қаландартеппа тақрибан се гектар масоҳатро фаро гирифта, дар ҷараёни ҳафриёт аз он дегу хумҳо, зарфҳои сафолӣ, каландчаи оҳанӣ, қисмҳои камарбанд, гӯшвора ва тангаҳои қадимӣ дарёфт шудаанд. Бар асоси омӯзишҳои пешакӣ, ҳамаи ин бозёфтҳо ба асри VIII милодӣ мансуб мебошанд.

Дар анҷоми боздид ба масъулин супориш дода шуд, ки ҳифзи ҳудуди ин ёдгориҳои таърихӣ тақвият ёфта, мақбараи Хоҷа Муҳаммад Башоро, Тали Хамтӯда ва Қаландартеппа ҳамчун як маҷмааи ягонаи бостоншиносиву меъморӣ ба хатсайрҳои асосии сайёҳии кишвар ворид карда шаванд. Ин иқдом метавонад барои рушди сайёҳии фарҳангӣ ва муаррифии мероси таърихии Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ заминаи мусоид фароҳам оварад.

АКС: Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент