Душанбе, 05 август, – АИ «Корвон Иттилоот». Дар шаш моҳи аввали соли 2026 2198 нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои анҷом додани корҳои мавсимии кишоварзӣ ба Британияи Кабир фиристода шуданд. Дар ин бора Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дода, таъкид намудааст, ки рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ дар самти муҳоҷирати меҳнатии муташаккилона ба яке аз афзалиятҳои сиёсати давлатӣ дар бозори меҳнат табдил ёфтааст.

Тавсеаи ҳамкориҳои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ бо Сафорати Британияи Кабир дар Душанбе аз густариши ҷуғрофияи таъмини шаҳрвандони Тоҷикистон бо ҷойҳои кори қонунӣ дар хориҷи кишвар шаҳодат медиҳад. Дар панҷ соли охир Британияи Кабир тадриҷан ба яке аз самтҳои нави муҳоҷирати меҳнатӣ барои шаҳрвандони Тоҷикистон мубаддал гардидааст. Ҷалби васеи коргарони мавсимӣ пас аз соли 2020 оғоз ёфта, имрӯз низ ин кишвар яке аз самтҳои серталаб барои муҳоҷирони меҳнатии тоҷик боқӣ мемонад.
Чанде пеш дар Душанбе вохӯрии Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Солеҳа Холмаҳмадзода бо Сафири Британияи Кабир дар Тоҷикистон Кэтрин Смиттон баргузор гардид.
Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои тавсеаи ҳамкориҳо дар самти муҳоҷирати меҳнатии муташаккилона, ҷалби корфармоёни нави бритониёӣ ва афзоиши шумораи шаҳрвандони Тоҷикистонро, ки барои корҳои мавсимӣ фиристода мешаванд, мавриди баррасӣ қарор доданд.

Таваҷҷуҳи махсус ба таъмини ҷойҳои кори бехатар ва қонунӣ, омодасозии шаҳрвандон пеш аз сафар ва татбиқи лоиҳаи муштараке зоҳир гардид, ки ба коҳиш додани хавфҳои қаллобӣ, фиреб ва истисмори меҳнатӣ равона шудааст.
Лоиҳаи «Мусоидат ба муҳоҷирати бехатар ва танзимшаванда аз Тоҷикистон ба Британияи Кабир» қисми ташаббуси минтақавии Созмони байналмилалии муҳоҷират таҳти унвони «Муҳоҷирати бехатари коргарони мавсимӣ аз Осиёи Марказӣ ба Британияи Кабир» мебошад. Барнома Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистонро фаро гирифта, бо дастгирии Хазинаи амнияти ҳамаҷонибаи Британияи Кабир амалӣ мешавад.
Дар доираи ин ташаббус барои шаҳрвандон омӯзишҳои пеш аз сафар, машваратҳои ҳуқуқӣ ва чорабиниҳои иттилоотӣ баргузор мегарданд. Ҳамчунин барои шахсоне, ки нияти сафар доранд, аллакай дар Британия фаъолият мекунанд ё пас аз анҷоми шартномаи меҳнатӣ ба ватан баргаштаанд, хати машваратии шабонарӯзӣ фаъол аст.
Пас аз коҳиш ёфтани шумораи коргарони мавсимӣ аз Украина, кишварҳои Осиёи Марказӣ ба яке аз манбаъҳои асосии қувваи корӣ барои бахши кишоварзии Британияи Кабир табдил ёфтаанд. Аз рӯи шумораи раводидҳои додашуда Қирғизистон дар ҷойи аввал қарор дошта, баъдан Ӯзбекистон, Қазоқистон ва Тоҷикистон ҷой гирифтаанд.
Муҳоҷирони меҳнатии Тоҷикистон дар Британия асосан ба ҷамъоварии буттамева, аз ҷумла клубника, инчунин дигар навъҳои сабзавоту мева дар саҳроҳо ва гармхонаҳо машғул мешаванд. Хароҷоти сафар, ки аз 1 то 1,5 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил медиҳад, аз ҷониби худи довталабон пардохт мешавад. Барои иштирок дар барнома донистани забони англисӣ дар сатҳи гуфтугӯ ҳатмӣ буда, муҳлати шартномаи меҳнатӣ шаш моҳ мебошад. Пас аз анҷоми муҳлат муҳоҷир уҳдадор аст ба Тоҷикистон баргардад.

Қаблан Сафорати Британияи Кабир дар Тоҷикистон шаҳрвандонро аз зиёд шудани пешниҳодҳои қалбакии таъмин бо ҷойи кор дар бахши кишоварзӣ ҳушдор дода буд. Аз ҷумла, дар эълонҳои сохтакорона аксаран ваъда дода мешавад, ки раводиди корӣ бевосита дар сафорат дастрас мегардад, дар ҳоле ки чунин тартиб вуҷуд надорад.
Тавсеаи барномаҳои муҳоҷирати меҳнатии қонунӣ ва муташаккилона имрӯз ба яке аз самтҳои муҳими сиёсати бозори меҳнати Тоҷикистон табдил ёфтааст. Диверсификатсияи кишварҳои қабулкунанда вобастагии муҳоҷирати меҳнатиро аз бозорҳои анъанавӣ коҳиш дода, барои шаҳрвандон имкониятҳои нави шуғли расмӣ фароҳам меорад.
Ҳамзамон, рушди ҳамкорӣ бо Британияи Кабир дар доираи механизмҳои байналмилалӣ ба баланд гардидани сатҳи ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирон, коҳиши хавфҳои қаллобӣ ва таъмини шаффофияти равандҳои ҷалби қувваи корӣ мусоидат мекунад. Дар шароити тағйирёбии бозори ҷаҳонии меҳнат чунин барномаҳо метавонанд ба яке аз абзорҳои муҳими рушди сармояи инсонӣ ва густариши ҳамкориҳои байналмилалии Тоҷикистон табдил ёбанд.
Акс: Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
