Душанбе, 05 июл, – АИ «Корвон Иттилоот». Дар пойтахти Тоҷикистон Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Хатари сиёсисозии дини ислом ба амнияту суботи давлат ва ҷомеа» ба кори худ оғоз намуд.

Ҳамоиш бо ташаббуси Муассисаи давлатии «Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон», Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Институти фалсафа ва сиёсатшиносии ба номи А. Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам – Абӯҳанифа баргузор гардида, яке аз муҳимтарин майдонҳои илмӣ барои баррасии масъалаҳои амнияти идеологӣ дар кишвар ба ҳисоб меравад.
Конференсия ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шуда, намояндагони мақомоти давлатӣ, муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, коршиносон, олимон, муҳаққиқон ва ходимони соҳаи динро гирди ҳам овардааст.
Дар маросими ифтитоҳ таъкид гардид, ки дар шароити муосир ҳифзи арзишҳои миллӣ, таҳкими амният ва суботи сиёсӣ, пешгирии ифротгароӣ ва истифодаи дин барои ҳадафҳои сиёсӣ ба яке аз масъалаҳои муҳими сиёсати давлатӣ табдил ёфтааст. Иштирокчиён нақши таҳқиқоти илмӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқиву динӣ ва ҳамкории муассир миёни мақомоти давлатӣ, ҷомеаи илмӣ ва ҷомеаи шаҳрвандиро дар муқовимат ба таҳдидҳои нав муҳим арзёбӣ намуданд.
Дар ҷараёни конференсия маърӯзаҳои илмӣ оид ба паҳлуҳои гуногуни сиёсисозии дин, таъсири он ба амнияти миллӣ, суботи ҷомеа, тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи худшиносии миллӣ ва таҳкими фарҳанги таҳаммулгароӣ мавриди баррасии амиқ қарор мегиранд.

Ба арзёбии коршиносон, барои Тоҷикистон, ки таҷрибаи талхи низои шаҳрвандии солҳои навадуми асри гузашта ва паёмадҳои истифодаи сиёсии омилҳои мазҳабиро аз сар гузаронидааст, чунин ҳамоиш танҳо як чорабинии илмӣ нест.
Он ҳамчун унсури муҳими сиёсати пешгирикунанда барои таҳкими амнияти миллӣ ва ҳифзи фазои маънавию идеологии кишвар арзёбӣ мешавад. Дар шароите, ки гурӯҳҳои ифротӣ бештар аз шабакаҳои рақамӣ барои таъсиррасонӣ ба афкори ҷавонон истифода мебаранд, Тоҷикистон ба таҳкими маърифати ҳуқуқӣ, исломшиносии илмӣ ва арзишҳои суннатии мазҳабии ҷомеа такя мекунад.
Аз нигоҳи минтақавӣ низ чунин ташаббусҳо аҳаммияти хос доранд. Коршиносон бар онанд, ки суботи идеологӣ дар Тоҷикистон ҳамчун яке аз омилҳои муҳими таъмини амнияти Осиёи Марказӣ арзёбӣ шуда, метавонад ба коҳиши хатари паҳншавии ифротгароӣ, ҳифзи фазои амниятии минтақа ва фароҳам овардани шароити мусоид барои татбиқи лоиҳаҳои бузурги иқтисодию транзитӣ мусоидат намояд.

Ба гуфтаи иштирокчиёни ҳамоиш, самаранокии тавсияҳои илмии таҳияшаванда пеш аз ҳама ба татбиқи амалии онҳо вобаста хоҳад буд. Ҷалби ҷавонон ба маърифати ҳуқуқӣ, рушди тафаккури интиқодӣ, истифодаи имкониятҳои технологияҳои рақамӣ дар корҳои тарбиявӣ ва таҳкими худшиносии миллӣ ҳамчун унсурҳои муҳими муқовимат ба идеологияҳои ифротӣ арзёбӣ гардиданд.
Интизор меравад, ки натиҷаҳои конференсия барои рушди минбаъдаи корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, такмили барномаҳои маърифатӣ ва таҳияи механизмҳои нави пешгирии омилҳое, ки метавонанд ба суботи ҷомеа таъсири манфӣ расонанд, заминаи мусоид фароҳам оваранд.
Акс: Радио «Садои Душанбе»
