Душанбе, 03 июл, – АИ «Корвон Иттилоот». Тоҷикистон рушди ҳамкориҳои байналмилалии сайёҳиро идома дода, аз имкониятҳои дипломатияи фарҳангӣ ва сайёҳии рӯйдодҳо барои муаррифии мероси таърихиву фарҳангии худ истифода мебарад. Дар ҳамин замина 2 июл иштирокчиёни мотосафари байналмилалии «Роҳи кӯчманчиён» ба вилояти Суғд ворид шуда, марҳилаи тоҷикистонии ин масири фаромарзиро оғоз намуданд.

Ба ҳайати корвони байналмилалӣ тақрибан 40 мотосавор аз кишварҳои дуру наздик шомил мебошанд. Ҳадафи асосии сафар таҳкими дӯстӣ миёни мотосаворон, рушди мотосайёҳӣ ва муаррифии иқтидори таърихиву фарҳангии кишварҳои Осиёи Марказӣ мебошад.
Аввалин шаҳри бузурги Тоҷикистон, ки меҳмонон вориди он гардиданд, шаҳри Хуҷанд буд. Ташаббуси ворид намудани Тоҷикистон ба масири «Роҳи кӯчманчиён» аз ҷониби узви Ассотсиатсияи мотосаворони Осиёи Марказӣ Ҳофиз Сайдуллоев пешниҳод гардида, ба рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ ва пешбурди имкониятҳои сайёҳии кишвар мусоидат мекунад.

Дар доираи барномаи фарҳангӣ меҳмонон аз Муассисаи давлатии «Маҷмааи фарҳангию таърихии «Қалъаи Хуҷанд» боздид намуданд. Барои иштирокчиён экскурсияи махсус ташкил гардид, ки онҳо тавассути он бо таърихи чандинҳазорсолаи шаҳри Хуҷанд — яке аз марказҳои муҳими тамаддуни минтақа ва Роҳи бузурги Абрешим — шинос шуданд.
Роҳбалади маҷмаа Шаҳноза Султонзода ба меҳмонон оид ба таърихи бунёди қалъа, аҳаммияти он дар давраҳои гуногуни таърихӣ ва нақши он дар рушди шаҳри Хуҷанд маълумоти муфассал пешниҳод намуд. Меҳмонон бо таваҷҷуҳи зиёд аз толорҳои намоишӣ дидан карда, бо осори санъати тасвирӣ, намунаҳои кандакорӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва дигар ёдгориҳои нодири фарҳангии тоҷикон ошно шуданд.
Қисмати дуюми барнома таҳти роҳбарии роҳбалад Абубакр Аминов баргузор гардида, иштирокчиён аз ҳавлиҳои ҳунармандони мардумӣ, аз ҷумла ҳавлии тоҷир ва дуредгар дидан намуданд. Дар ин ҷо онҳо бо тарзи зиндагӣ ва ҳунарҳои суннатии мардуми тоҷик аз наздик шинос гардиданд.
Таваҷҷуҳи махсуси меҳмононро маҳорати ҳунарманди мардумӣ Муҳаммадшариф Ниёзов ҷалб намуд. Ӯ тарзи сохтани созҳои миллиро намоиш дода, дар онҳо оҳангҳои тоҷикиро иҷро кард. Барномаи мусиқӣ фазои гарму самимӣ ба вуҷуд оварда, иштирокчиёни мотосафар низ бо хушнудӣ ба иҷрои оҳангҳо ҳамроҳ шуданд.

Дар анҷоми боздид дар саҳни Қалъаи Хуҷанд акси дастаҷамъӣ гирифта шуд, ки ҳамчун рамзи дӯстӣ, ҳамкории фарҳангӣ ва оғози марҳилаи нави муаррифии Тоҷикистон дар масирҳои байналмилалии мотосайёҳӣ боқӣ мемонад.
Ба андешаи коршиносони соҳаи сайёҳӣ, рушди чунин сафарҳои байналмилалӣ барои ҷалби сайёҳони хориҷӣ имкониятҳои нав фароҳам меорад. Дар якҷоягӣ бо мероси ғании таърихиву фарҳангӣ, табиати нотакрор ва меҳмоннавозии тоҷикона, чунин ташаббусҳо метавонанд ҷойгоҳи Тоҷикистонро ҳамчун яке аз самтҳои ҷолиби сайёҳии Осиёи Марказӣ боз ҳам мустаҳкам намоянд.
Акс: Муассисаи давлатии «Маҷмааи фарҳангию таърихии «Қалъаи Хуҷанд»
