Душанбе, 06 июл, – АИ «Корвон Иттилоот». Омодасозии мутахассисони баландихтисос имрӯз ба яке аз шартҳои асосии татбиқи сиёсати саноатикунонии босуръати Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил ёфтааст.

Маҳз ба ин мавзуъ мизи мудаввари «Вазъи омодасозии кадрҳои баландихтисос дар самти металлургия», ки 3 июл бо ташаббуси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ баргузор гардид, бахшида шуд.
Чорабинӣ дар доираи татбиқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба рушди саноат, истифодаи самараноки захираҳои табиии кишвар ва омодасозии мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи иқтисоди муосир баргузор гардид.
Ба кори ҳамоиш Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода роҳбарӣ намуда, дар он намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, олимон, муҳаққиқон, коршиносони соҳаи саноат ва намояндагони корхонаҳои истеҳсолӣ иштирок карданд.
Вазири маориф ва илм зимни ифтитоҳи ҳамоиш таъкид намуд, ки таъмини соҳаи металлургия бо муҳандисону мутахассисони баландихтисос яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ мебошад.
Ӯ аз суханони Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуд, ки захираҳои ғании маъдании Тоҷикистон имкон медиҳанд дар оянда як қатор корхонаҳои металлургияи ранга таъсис дода шуда, рушди иқтисоди миллӣ ва иқтидори содиротии мамлакат боз ҳам тақвият ёбад.

Таъкид гардид, ки маҳз дар заминаи дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат дар мамлакат тадбирҳои пайгирона ҷиҳати рушди саноат, коркарди амиқи ашёи хоми ватанӣ, таъсиси корхонаҳои нави истеҳсолӣ ва ташаккули низоми муосири омодасозии муҳандисону мутахассисон амалӣ мешаванд.
Ба гуфтаи вазир, дар солҳои соҳибистиқлолӣ рушди саноат ҳамчун ҳадафи чоруми стратегии кишвар муайян гардида, масъалаҳои саноатикунонии босуръат, рушди металлургия, саноати кӯҳӣ, нафту газ ва пайванди илм бо истеҳсолот дар меҳвари сиёсати иқтисодии давлат қарор доранд.
Иштирокчиёни ҳамоиш таваҷҷуҳи махсусро ба иқтидори бузурги захираҳои маъдании Тоҷикистон равона намуданд. Зикр гардид, ки кишвар дорои захираҳои бойи тилло, нуқра, сурб, руҳ, сурма, мис, ангишт ва дигар канданиҳои фоиданок мебошад ва коркарди пурраи онҳо дар дохили мамлакат метавонад арзиши иловашударо афзоиш дода, имкониятҳои содиротиро васеъ намояд ва ҳазорҳо ҷойи нави корӣ фароҳам оварад.

Вазир ҳамчунин таъкид кард, ки рушди устувори саноат бе навсозии низоми таҳсилоти муҳандисӣ ғайриимкон аст. Муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ бояд барномаҳои таълимии худро мутобиқ ба талаботи бозори меҳнат таҷдид намуда, ҳамкориҳоро бо корхонаҳои истеҳсолӣ густариш диҳанд ва барои донишҷӯён таҷрибаомӯзии истеҳсолиро дар корхонаҳои муосири саноатӣ таъмин намоянд, то онҳо технологияҳои рақамӣ, низомҳои автоматикунонидашуда ва таҷҳизоти навтаринро аз худ намоянд.
Ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ Қ. Давлатзода дар бораи вазъи омодасозии кадрҳо дар самти металлургия маърӯза намуда, имкониятҳои таълимӣ ва илмии донишгоҳ, ҳамкорӣ бо корхонаҳои истеҳсолӣ ва дурнамои рушди соҳаро муаррифӣ кард.
Директори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон Д. Давлатзода низ доир ба такмили омодасозии муҳандисони соҳаи кӯҳию металлургӣ, таҷдиди барномаҳои таълимӣ ва ҷорӣ намудани технологияҳои навин дар раванди таълим ибрози назар намуд.
Яке аз рӯйдодҳои муҳими ҳамоиш муаррифии фаъолияти лабораторияи филиали Донишкадаи миллии тадқиқотии технологии «МИСИС» дар шаҳри Душанбе гардид, ки онро М. Ҷӯраев пешниҳод намуд. Ба иштирокчиён имкониятҳои нави пойгоҳи лабораторӣ барои омодасозии мутахассисони сатҳи байналмилалӣ ва гузаронидани таҳқиқоти муосири илмӣ намоиш дода шуданд.
Дар ҷараёни мубоҳисаҳо доктори илмҳои техникӣ, профессор М. Ҳақдод, намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон М. Акрамов ва намояндаи Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Д. Шарифзода масъалаҳои такмили низоми омодасозии кадрҳои муҳандисӣ, мутобиқсозии барномаҳои таълимӣ ба талаботи саноат, рушди таҳқиқоти илмӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои инноватсионӣ ва таҳкими ҳамкории муассисаҳои таҳсилоти олӣ бо бахши истеҳсолотро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Иштирокчиёни мизи мудаввар таъкид карданд, ки ташаккули захираи рақобатпазири кадрӣ бе навсозии пойгоҳи моддиву техникии муассисаҳои таълимӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ ва густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи таҳсилоти муҳандисӣ имконнопазир мебошад.
Дар ҷамъбасти ҳамоиш таъкид гардид, ки татбиқи муваффақонаи сиёсати саноатикунонии босуръати мамлакат пеш аз ҳама аз омодасозии муҳандисони насли нав вобаста аст, ки қодиранд технологияҳои муосирро ҷорӣ намуда, рушди саноати коркард ва истифодаи самараноки иқтидори илмии кишварро таъмин намоянд. Аз ин рӯ, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ вазифадоранд фаъолияти худро мутобиқ ба афзалиятҳои стратегии рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон боз ҳам такмил диҳанд.
Акс: Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон
