Душанбе, 08 апрел, – АИ «Корвон Иттилоот». Комиссияи ҳукуматии Федератсияи Русия оид ба фаъолияти қонунгузорӣ ратификацияи протокол дар бораи ворид намудани тағйирот ба созишнома миёни Русия ва Тоҷикистон вобаста ба ҷалби муташаккили муҳоҷирони меҳнатиро ҷонибдорӣ намуд — қадаме, ки метавонад низоми муҳоҷиратро ба таври ҷиддӣ тағйир дода, онро идорашаванда гардонад. Дар ин бора РБК хабар медиҳад.

Навовариҳои асосӣ ба он равона шудаанд, ки қисми зиёди расмиёти интихоб ва санҷиши муҳоҷирон дар худи Тоҷикистон гузаронида шавад. Дар сурати қабули қонун, муоинаи ҳатмии тиббӣ, аз ҷумла санҷиш барои ВИЧ, инчунин аксбардорӣ ва гирифтани изи ангушт пеш аз сафар ба Россия анҷом дода мешаванд.
Ин протокол моҳи октябри соли 2025 аз ҷониби президентҳои ду кишвар — Владимир Путин ва Эмомали Рахмон — ба имзо расида, ба созишномаи соли 2019 оид ба ҷалби муташаккили шаҳрвандони Тоҷикистон барои кор дар Русия тағйирот ворид менамояд.
Мазмуни тағйирот танҳо техникӣ набуда, ба ташаккули модели нави идорашавандаи муҳоҷират равона шудааст. Дар ин модел, филтрҳои асосӣ — тиббӣ, ҳуқуқӣ ва касбӣ — ҳанӯз дар марҳилаи интихоб татбиқ мегарданд.
Тибқи санад, Вазорати маорифи Федератсияи Русия ба омодасозии муҳоҷирон аз Тоҷикистон тибқи стандартҳои таълимии Россия мусоидат хоҳад кард. Ин барномаҳо ҳам дар ҳудуди Россия ва ҳам дар Тоҷикистон амалӣ мешаванд. Ҳамин тариқ, диққат аз шумораи муҳоҷирон ба сифати омодагии онҳо равона мегардад.
Ҳамзамон, низоми санҷиш низ тақвият меёбад. Мақомоти Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Русия ҷамъоварии маълумоти биометриро дар худи Тоҷикистон ба роҳ мемонанд ва ин маълумот барои санҷиш ба пойгоҳҳои додаҳо ирсол мешавад.
Дар навбати худ, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ номзадҳоро аз нигоҳи мавҷудияти ҷиноят ва дар кофтуков будан месанҷад.
Ин ба маънои ташкили низоми дукаратаи назорат мебошад, ки хавфҳоро коҳиш медиҳад.
Яке аз навовариҳои муҳим гузаронидани муоинаи тиббӣ дар ҳудуди Тоҷикистон мебошад. Ташкилотҳои тиббии Россия метавонанд ин хизматрасониҳоро мустақиман дар кишвар анҷом диҳанд. Ин тадбир равандро тезонида, ҳамзамон сатҳи амнияти санитариро боло мебарад.
Тавре дар тавзеҳот омадааст, омодасозии муҳоҷирон тибқи стандартҳои Россия имкон медиҳад, ки онҳо бо сатҳи зарурии касбӣ ба бозори меҳнат ворид шаванд.
Дар маҷмӯъ, ин иқдом гузариш ба модели «муҳоҷирати идорашаванда»-ро инъикос мекунад, ки дар он муҳоҷират ҳамчун абзори рушди иқтисодӣ арзёбӣ мегардад.
Дар сурати қабул шудани қонун, ин метавонад яке аз муҳимтарин тағйирот дар низоми муҳоҷирати меҳнатӣ байни ду кишвар дар солҳои охир гардад.
АКС: РБК
