Муколамаи сатҳи олӣ дар минтақа: Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар вохӯрии машваратии Сарварони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон ба Чолпон-Ато расид - ИА Караван Инфо
Муколамаи сатҳи олӣ дар минтақа: Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар вохӯрии машваратии Сарварони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон ба Чолпон-Ато расид

Душанбе, 31 июл, – АИ «Корвон Иттилоот». 30 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар Вохӯрии ғайрирасмии машваратии сарварони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Озарбойҷон ба шаҳри Чолпон-Атаи Ҷумҳурии Қирғизистон ташриф оварданд.

Дар Фурудгоҳи байналмилалии Иссиқкӯл Сарвари давлатро Раиси Девони Вазирон — Роҳбари Маъмурияти Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Адилбек Қосималиев ва дигар шахсони расмӣ самимона истиқбол гирифтанд.

Ба ифтихори меҳмони олиқадр майдони фурудгоҳ бо Парчамҳои давлатии ду кишвар ороста шуда, горди фахрӣ саф орост, ки ин аз сатҳи баланди муносибатҳои дӯстона ва эҳтироми мутақобилаи Тоҷикистону Қирғизистон шаҳодат медиҳад.

Интизор меравад, ки зимни вохӯрии машваратӣ роҳбарони давлатҳо масъалаҳои муҳими ҳамкориҳои минтақавӣ, аз ҷумла таҳкими муколамаи сиёсӣ, рушди долонҳои нақлиётӣ ва логистикӣ, густариши робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, ҳамкориҳои энергетикӣ, истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ ва таъмини амнияти минтақавиро мавриди баррасӣ қарор диҳанд.

Дар солҳои охир чунин вохӯриҳо ба яке аз муҳимтарин механизмҳои ҳамоҳангсозии мавқеи кишварҳои минтақа табдил ёфта, барои таҳкими ҳамкориҳои бисёрҷониба заминаи мусоид фароҳам овардаанд.

Иштироки Эмомалӣ Раҳмон дар ин ҳамоиши машваратӣ нақши фаъоли Тоҷикистонро дар таҳкими ҳамгироии минтақавӣ ва рушди низоми нави ҳамкориҳои Осиёи Марказӣ боз ҳам тақвият медиҳад. Дар шароити афзоиши эътимоди сиёсӣ миёни кишварҳои минтақа чунин мулоқотҳо ба платформаи муҳими пешбурди лоиҳаҳои муштараки иқтисодӣ, рушди шабакаҳои нақлиётӣ ва густариши ҳамкориҳои бисёрҷониба табдил ёфтаанд.

Ҳузури Ҷумҳурии Озарбойҷон аҳамияти стратегии ҳамкориҳоро дар самти ҳавзаи Каспий боз ҳам бештар намуда, барои рушди долонҳои байналмилалии нақлиётӣ, афзоиши гардиши савдо ва ҷалби сармоягузорӣ имкониятҳои нав фароҳам меорад. Барои Тоҷикистон иштирок дар чунин форматҳо қисми ҷудонашавандаи сиёсати таҳкими муносибатҳои неки ҳамсоягӣ, густариши ҳамгироии минтақавӣ ва таъмини рушди устувори минтақа мебошад.

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон