Душанбе, 13 ноябр, – АИ «Корвон Иттилоот». Дар шаҳри Циндаои вилояти Шандуни Ҷумҳурии Мардумии Чин ҷаласаи дуюми муколамаи сиёсӣ «Чин — Осиёи Марказӣ» баргузор гардид, ки дар он зиёда аз 150 роҳбари 20 ҳизби сиёсӣ аз панҷ кишвари минтақа иштирок намуданд. Ин нишаст ба минбари муҳими баррасии дурнамоҳои ҳамкории сиёсӣ, амният ва рушди устувори фазои Евразия табдил ёфт.

Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин чорабинӣ ҳаёте таҳти роҳбарии муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Азиз Гиёзода намояндагӣ кард.
Зимни ҷаласа таъкид гардид, ки муколамаи «Чин — Осиёи Марказӣ» ба ташаккули формати нави ҳамкории минтақавӣ мусоидат намуда, бар пояи эҳтироми мутақобил, эътимод ва баробарҳуқуқӣ асос меёбад. Иштирокдорон зикр карданд, ки ин минбари сиёсӣ имкониятҳои васеъ барои дарёфти роҳҳои муштараки ҳалли масъалаҳои мубрам — аз таъмини субот ва рушди иқтисодӣ то таҳкими робитаҳои фарҳангӣ байни халқҳо фароҳам меорад.
Таҳкими муносибатҳои дӯстона бо Ҷумҳурии Мардумии Чин яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб мешавад. Имрӯз робитаҳои Тоҷикистону Чин сатҳи баланди шарикии стратегиро касб намуда, соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, гуманитарӣ ва инфрасохториро фаро мегиранд.
Ба андешаи коршиносон, баргузории чунин нишастҳо равандҳои ҳамгироиро дар доираи ташаббуси байналмилалии «Як камарбанд, як роҳ» тақвият мебахшад, ки Тоҷикистон дар он мавқеи муҳими ҷуғрофию стратегӣ дорад.
Иштироки Душанбе дар муколамаи «Чин — Осиёи Марказӣ» на танҳо ба таҳкими робитаҳои сиёсӣ, балки ба густариши роҳҳои иқтисодиву нақлиётӣ мусоидат намуда, имкониятҳои навро барои рушди саноат, энергетика ва технологияҳои рақамӣ дар кишвар фароҳам меорад.
Коршиносон бар онанд, ки чунин минбарҳои сиёсӣ ба густариши фаҳмиши мутақобил ва ҳамкории судманд миёни кишварҳои минтақа мусоидат намуда, заминаи устувор барои рушди ҳамҷаворӣ ва дастгирии мутақобил фароҳам меоранд.
Акс: манбаъҳои боз
