Душанбе, 20 май, – АИ «Корвон Иттилоот». Дар оромгоҳи Лучоб маросими ботантанаи ба замин супоридани мушти хоки оромгоҳи се шахсияти барҷастаи таърихи давлатдории Тоҷикистон — Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур ва Нисор Муҳаммад баргузор гардид.

Чорабинӣ бо иштироки Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода доир шуда, бо риояи суннатҳои дини мубини ислом ва эҳтироми хос анҷом ёфт.
Ин маросим ҳамчун рӯйдоди рамзии дорои аҳамияти таърихӣ ва сиёсӣ арзёбӣ мешавад, ки ба эҳёи хотираи миллӣ ва таҳкими пайванди маънавии наслҳои имрӯза бо бунёдгузорони давлатдории тоҷикон равона шудааст.
Файзалӣ Идизода зимни суханронӣ таъкид кард, ки ин рӯйдод саҳифаи нав дар таърихи давлатдории муосири Тоҷикистон боз мекунад. Ба гуфтаи ӯ, мушти хоки се чеҳраи таърихӣ аз Маскав ба Ватан оварда шуда, рамзи бозгашти маънавии онҳо ба сарзамине мебошад, ки барои он хизмат кардаанд.

Ӯ зикр намуд, ки Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур ва Нисор Муҳаммад қурбони репрессияҳои солҳои 1937 гардидаанд, аммо имрӯз номи онҳо ҳамчун поягузорони давлатдории миллӣ зинда аст.
Нусратулло Махсум (1881) яке аз чеҳраҳои асосии ташаккули сохтори давлатии Тоҷикистон дар асри ХХ ба шумор меравад. Ӯ дар вазифаҳои калидии инқилобӣ ва давлатӣ фаъолият карда, дар табдили мақоми ҷумҳурӣ нақши муҳим бозид. Соли 1937 дар Маскав боздошт ва ба қатл расонда шуда, баъдан сафед гардид. Соли 2006 бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон унвони олии «Қаҳрамони Тоҷикистон»-ро гирифт.
Шириншоҳ Шоҳтемур (1899) аз аввалин ходимони сиёсии Тоҷикистон буда, дар ташкили сохтори давлатӣ ва идоракунии ҷумҳурӣ нақши калидӣ дошт. Ӯ дар солҳои 1920–1930 дар вазифаҳои баланди ҳизбӣ ва давлатӣ фаъолият карда, соли 1937 боздошт ва қатл гардид, баъдан сафед ва қаҳрамони миллӣ эълон шуд.
Нисор Муҳаммад (1897) чеҳраи барҷастаи фарҳангӣ ва маорифпарвар буд, ки дар таъсиси низоми таҳсилот ва рушди маорифи Тоҷикистон саҳми муҳим гузошт. Бо талошҳои ӯ аввалин мактабҳо ва китобҳои дарсӣ ба вуҷуд омада, барои таҳсилоти ҷавонони тоҷик дар марказҳои илмии минтақа ва Иттиҳоди Шӯравӣ замина фароҳам гардид.

Дар идомаи маросим таъкид гардид, ки эҳёи номи ин шахсиятҳо натиҷаи сиёсати даврони соҳибистиқлолӣ мебошад, ки дар самти гиромидошти таърих ва шахсиятҳои бунёдгузори давлатдории тоҷикон амалӣ мегардад.
Маросим бо эҳсоси баланди эҳтиром ва дуо барои руҳи фавтидагон анҷом ёфт. Иштирокчиён таъкид карданд, ки чунин иқдомҳо барои таҳкими худшиносии миллӣ ва тарбияи наслҳои оянда аҳамияти муҳим доранд.
Ёди неки ин фарзандони ҷонфидои миллат — бунёдгузорони давлатдории тоҷикон — дар хотираи миллӣ абадӣ боқӣ мемонад.
АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
