Муштзанони Тоҷикистон ба аввалин чемпионати Осиё таҳти сарпарастии World Boxing омода мешаванд – ИА Караван Инфо
Муштзанони Тоҷикистон ба аввалин чемпионати Осиё таҳти сарпарастии World Boxing омода мешаванд

Душанбе, 31 март, – АИ «Корвон Иттилоот».  Аз 30 март то 11 апрел дар шаҳри Улан-Батор чемпионати Осиё оид ба бокс баргузор мегардад, ки нахустин мусобиқаи қитъавӣ таҳти сарпарастии World Boxing дар минтақа ба ҳисоб меравад. Ин мусобиқа оғози марҳилаи нави рушди бокси ҷаҳонӣ маҳсуб ёфта, таваҷҷуҳи васеи ҷомеаи варзиширо ба худ ҷалб намудааст.

Барои дастаи мунтахаби Тоҷикистон ин мусобиқа яке аз муҳимтарин санҷишҳои мавсими варзишӣ арзёбӣ мегардад. Дастаро мураббиён Саидхӯҷа Мамуров ва Хуршед Ҷӯраев роҳбарӣ мекунанд. Ба ҳайати даста 9 варзишгар шомиланд: Анӯшервон Фозилов (55 кг), Акмал Убайдов (60 кг), Руслан Ғафуров (65,5 кг), Шамшер Саидов (70 кг), Некрӯз Салимов (80 кг), Парвиз Каримов (90 кг), Муҳаммад Аброриддинов (+90 кг), инчунин Мидҷгона Самадова (57 кг) ва Бибинишастамо Холова (60 кг).

Чемпионат дар Улан-Батор ҳамчун як майдони ҷиддии рақобат барои беҳтарин муштзанони қитъа арзёбӣ мешавад. Дар он на танҳо варзишгарони ҷавон, балки барандагони медалҳои мусобиқаҳои байналмилалӣ ва иштирокчиёни Бозиҳои олимпӣ низ ширкат меварзанд, ки сатҳи рақобатро боз ҳам баландтар мегардонад.

Барои Тоҷикистон ин мусобиқа на танҳо имкони ба даст овардани натиҷаҳои варзишӣ, балки як марҳилаи муҳими мутобиқшавӣ ба низоми нави бокси ҷаҳонӣ мебошад. Иштирок дар чунин мусобиқаҳо ба варзишгарон имкон медиҳад, ки таҷрибаи байналмилалӣ андӯхта, мавқеи худро дар арсаи ҷаҳонӣ таҳким бахшанд.

АКС: SPORTS.tj — хабарҳои варзишӣ дар ИДМ ва ҷаҳон

error: