Мутахассисони миллӣ дар Душанбе барои татбиқи низоми нави ҳамгироишудаи хизматрасониҳои иҷтимоӣ ва тиббӣ ба оилаҳои осебпазир омода мешаванд - ИА Караван Инфо
Мутахассисони миллӣ дар Душанбе барои татбиқи низоми нави ҳамгироишудаи хизматрасониҳои иҷтимоӣ ва тиббӣ ба оилаҳои осебпазир омода мешаванд

Душанбе, 18 июл, – АИ «Корвон Иттилоот». Дар меҳмонхонаи «Serena»-и шаҳри Душанбе омӯзиши панҷрӯза барои тренерон оид ба татбиқи модели ҳамгироишудаи пешниҳоди хизматрасониҳои иҷтимоӣ ва тиббӣ — «Идоракунии ҳамгироишудаи ҳолатҳо (кейс-менеҷмент)» ба анҷом расид.

Ташкилкунандагони омӯзиш Гурӯҳи татбиқи лоиҳаи «Навсозии ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳамгироии иқтисодӣ» бо дастгирии Бонки ҷаҳонӣ ва Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) дар ҳамкории зич бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.

Низоми ҳамгироишудаи кейс-менеҷмент хизматрасониҳои иҷтимоӣ ва тиббиро дар шакли «равзанаи ягона» муттаҳид менамояд. Яъне оила дигар барои гирифтани кӯмак ба муассисаҳои гуногун муроҷиат намуда, вазъи худро борҳо шарҳ додан лозим намеояд. Ба ҷойи ин, кейс-менеҷер арзёбии ҳамаҷонибаи ниёзҳои оиларо анҷом дода, барои таҳияи нақшаи инфиродии дастгирӣ мусоидат мекунад, ҳамкории байни сохторҳои иҷтимоӣ ва тиббиро ҳамоҳанг месозад ва то расидан ба натиҷаи устувор оиларо ҳамроҳӣ менамояд.

Дар баробари гирифтани кӯмакпулии унвонии иҷтимоӣ, оилаи осебпазир минбаъд дастгирии ҳамаҷониба мегирад. Мутахассис (кейс-менеҷер) тамоми ниёзҳои оила — аз масъалаҳои вобаста ба кӯмакпулиҳо то хизматрасониҳои тиббӣ — муайян намуда, раванди аз вазъи душвори зиндагӣ баровардани онро ҳамоҳанг месозад.

«Ин қадами босифат ба пеш дар ислоҳоти низоми ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон мебошад. Мо аз тақсимоти ғайрифаъоли кӯмакпулиҳо ба дастгирии фаъол ва ҳамаҷонибаи ҳар як оилаи ниёзманд мегузарем», — қайд намуд менеҷери лоиҳа Ҳаётзода Нурхон Шарифович.

Ҳадафи асосии ташаббус омода намудани гурӯҳи мутахассисони миллӣ оид ба идоракунии ҳолатҳо мебошад, ки минбаъд метавонанд кормандони иҷтимоӣ, супервайзерҳо, кейс-менеҷерҳо ва кормандони муассисаҳои тиббии сатҳи аввалияро омӯзонанд. Ин имкон медиҳад, ки низоми ҳамгироишуда васеъ татбиқ гардида, сифати расонидани кӯмаки мақсаднок ба оилаҳои ниёзманд беҳтар карда шавад.

Равиши нави мазкур на танҳо барои ҳалли мушкилоти мавҷуда ва таъмини ҳуқуқи кӯдакон мусоидат мекунад, балки яке аз самараноктарин сармоягузорӣ ба сармояи инсонии кишвар ба ҳисоб меравад.

«Ҳар як кӯдак ва ҳар як оилаи осебпазир ҳуқуқ доранд, ки аз дастгирии саривақтӣ ва касбӣ бархурдор бошанд. Некӯаҳволии кӯдак бевосита аз некӯаҳволии оила ва дар мавриди оилаҳои осебпазир аз самаранокии ҳамкории хизматрасониҳои иҷтимоӣ, тиббӣ ва дигар сохторҳои давлатӣ вобаста аст.

Вақте ки мутахассисон ҳамоҳанг фаъолият мекунанд, онҳо метавонанд омилҳои хавфро барвақт муайян намуда, кумаки заруриро сари вақт расонанд ва оилаҳоро то ба даст овардани натиҷаҳои устувор ҳамроҳӣ намоянд», — гуфт роҳбари шуъбаи ҳифзи кӯдаки намояндагии ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон Тинатини Тсертсвадзе.

Дар давоми панҷ рӯз (13–17 июл) иштирокчиёни омӯзиш стандартҳои байналмилалии кейс-менеҷмент, усулҳои арзёбии ниёзҳои оила, ҳамкории байниидоравӣ ва меъёрҳои ахлоқии фаъолияти касбиро омӯхтанд. Ба малакаҳои амалии ҳамоҳангсозии хизматрасониҳои иҷтимоӣ ва тиббӣ, пешбурди ҳолатҳо ва ҳамроҳии оилаҳои дорои ниёзҳои мураккаб таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.

Лоиҳаи озмоишӣ дар шаҳру ноҳияҳои интихобшудаи Тоҷикистон амалӣ шуда, таҷрибаи бадастомада минбаъд барои таҳияи Стратегияи миллии навсозии низоми ҳифзи иҷтимоӣ истифода хоҳад шуд. Натиҷаҳои он барои фароҳам овардани заминаи далелнок ҷиҳати густариши минбаъдаи модели ҳамгироишуда ва навсозии низоми ҳифзи иҷтимоӣ ва хизматрасониҳои иҷтимоӣ дар кишвар мусоидат мекунанд.

«Вазорат ба навсозии соҳаи иҷтимоӣ аҳамияти аввалиндараҷа медиҳад. Ҳамгироии хизматрасониҳои иҷтимоӣ бо хизматрасониҳои тандурустӣ дар сатҳи кумаки аввалияи тиббию санитарӣ қадами муҳим ба ҳисоб меравад», — гуфт муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Хайруллозода.

«Имрӯз мо заминаи гузариш ба сатҳи сифатан нави дастгирии мақсаднокро мегузорем, ки дар маркази он шахс ва ниёзҳои ӯ қарор доранд. Омода намудани тренерони миллӣ устувории ин раванд ва дар оянда густариши бомуваффақияти ислоҳотро дар тамоми кишвар таъмин хоҳад кард», — илова намуд ӯ.

АКС: ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон / Лоиҳаи «Модернизатсияи ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳамгироии иқтисодӣ»