Нахустин хатмкардагони муассисаи муштараки Тоҷикистону Русия ба номи Юрий Гагарин соҳиби аттестат гардиданд. - ИА Караван Инфо
Нахустин хатмкардагони муассисаи муштараки Тоҷикистону Русия ба номи Юрий Гагарин соҳиби аттестат гардиданд.

Душанбе, 03 июл, – АИ «Корвон Иттилоот». Дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии муштараки Тоҷикистону Русия ба номи Ю.А. Гагарин маросими тантанавии нахустин хатми хонандагони синфҳои 11 баргузор гардид.

Дар чорабинӣ муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Р. Каримзода, котиби давлатӣ – муовини вазири маорифи Федератсияи Россия А. Корнеев, Сафири Фавқулода ва Мухтори Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон С.Григорев, роҳбарияти муассиса ва дигар меҳмонони расмӣ иштирок намуданд.

Муовини вазири маориф ва илм зимни суханронӣ таъкид намуд, ки аввалин хатми хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии муштараки Тоҷикистону Россия рӯйдоди таърихӣ дар рушди ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи маориф мебошад. Зикр гардид, ки муассисаи мазкур ба рамзи дӯстӣ ва шарикии стратегии Тоҷикистону Россия табдил ёфта, барои таълиму тарбияи насли наврас дар асоси беҳтарин таҷрибаи низоми маорифи ҳар ду кишвар шароити мусоид фароҳам овардааст.

Ҳамчунин, ба Вазорати маорифи Федератсияи Россия барои дастгирии пайвастаи лоиҳаи муштараки таълимӣ, аз ҷумла таъмин намудани муассисаҳо бо китобҳои дарсии забони русӣ, изҳори сипос карда шуд.

Маърузачиён матмкунандагонро бо анҷоми бомуваффақияти таҳсил табрик намуда, иброз доштанд, ки ҳадафи таъсиси муассиса фароҳам овардани муҳити муосири таълимӣ дар заминаи беҳтарин анъанаҳои низоми маорифи Тоҷикистону Россия мебошад.

Зикр гардид, ки имсол 25 нафар хатмкунанда Аттестати аъло ва медали «Барои дастовардҳои махсус дар таҳсил»-ро соҳиб гардиданд, ки аз ин шумора 11 нафар бо медали тилло ва 14 нафар бо медали нуқра қадрдонӣ шуданд. Ҳамчунин, 20 нафар хатмкунандагони синфи 11 Аттестати аълоро соҳиб гардид.

Дар фарҷоми чорабинӣ меҳмонони расмӣ ба хатмкунандагон аттестатҳо ва медалҳои тиллоиву нуқра тақдим намуда, ба онҳо дар идомаи таҳсил, фаъолияти минбаъда ва хизмат ба Ватан комёбиҳо орзу карданд.

АКС: Вазорати  маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон