Душанбе, 17 июн, – АИ «Корвон Иттилоот». Аз 18 то 20 июн дар Маркази байналмилалии ЭКСПО-и Душанбе намоишгоҳи байналмилалии, ки яке аз бузургтарин чорабиниҳои соҳавӣ дар самти тиб, фарматсевтика ва саноати зебоӣ дар минтақа ба шумор меравад.

Тавре дар Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, намоишгоҳ бо дастгирии Ҳукумати кишвар баргузор шуда, ҳамчун платформа барои густариши робитаҳои тиҷоратӣ миёни ширкатҳои ватанӣ ва хориҷӣ хизмат мекунад.
Дар чорабинӣ ширкатҳо аз Тоҷикистон, Эрон, Қазоқистон, Покистон, Русия ва Ӯзбекистон иштирок мекунанд. Ин география нишон медиҳад, ки бозори Тоҷикистон барои шарикони хориҷӣ ҷолибияти рӯзафзун пайдо мекунад.
Дар намоишгоҳ маҳсулоти таҷҳизоти тиббӣ, доруворӣ, хадамоти клиникаҳо ва осоишгоҳҳо муаррифӣ мегардад. Инчунин ба ҳаллиҳои рақамӣ таваҷҷуҳи махсус дода мешавад — аз ҷумла платформаи IT ва замимаи мобилӣ барои ҷустуҷӯи доруворӣ дар шакли онлайн.
Бахши муҳими чорабинӣ маҳсулоти косметикӣ мебошад, ки ҳам маҳсулоти нигоҳубинӣ ва ҳам ороиширо дар бар мегирад. Барои меҳмонон имкони харид бо нархҳои имтиёзнок низ фароҳам оварда мешавад.
Ташкилкунандагон таъкид мекунанд, ки намоишгоҳ ҳамчун платформаи B2B барои ширкатҳои хориҷӣ имкони арзёбии бозори Тоҷикистон ва пайдо кардани шарикони боэътимодро фароҳам меорад.
Дар доираи барномаи корӣ мулоқотҳо, муаррифӣ ва машваратҳои касбӣ бо иштироки коршиносон дар назар аст. Намоишгоҳ ҳам барои мутахассисон ва ҳам барои шаҳрвандони оддӣ, ки ба тарзи ҳаёти солим таваҷҷуҳ доранд, боз аст.
АКС: Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон
