Намояндагони Тоҷикистон дар Бозиҳои Делфии ҷавонони давлатҳои узви СҲШ соҳиби 7 медал шуданд – ИА Караван Инфо
Намояндагони Тоҷикистон дар Бозиҳои Делфии ҷавонони давлатҳои узви СҲШ соҳиби 7 медал шуданд

Душанбе, 31 март, – АИ «Корвон Иттилоот». Аз 23 то 28 март дар шаҳри Бишкек, пойтахти Ҷумҳурии Қирғизистон, нахустин маротиба Бозиҳои Делфии ҷавонони давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай баргузор гардиданд. Тибқи натиҷаҳои озмуни фарҳангӣ, ҷавонони Тоҷикистон бо гирифтани 7 медал мақоми дуюмро дар ҳисоби умумӣ ишғол карданд.

Тавре Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дод, ҷойи аввалро ҷавонони Ҷумҳурии Беларус бо 9 медал соҳиб шуданд. Ҷавонони Федератсияи Русия бо 6 медал ҷои сеюмро касб карданд.

Студенткаи Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон Малика Расулӣ дар номинатсияи санъати тасвирӣ бо гирифтани медали тилло сазовори қадрдонӣ шуд. Ғайр аз ин, ду иштирокчӣ медали нуқра ва чор нафар медали биринҷӣ ба даст оварданд. Ҳамчунин, иштирокчиёни фаъол аз Тоҷикистон бо дипломҳои махсуси озмун сарфароз гардонида шуданд.

Дар Бозиҳои Делфии ҷавонони давлатҳои узви СҲШ ҷавонони боистеъдод аз Тоҷикистон, Беларус, Ҳиндустон, Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Покистон, Русия ва Узбекистон ширкат варзиданд.

Зикр гардид, ки намояндагони Тоҷикистон аз ҳисоби хонандагон ва донишҷӯёни муассисаҳои махсуси мусиқӣ ва санъат интихоб шуда буданд. Барномаи бозиҳо номинатсияҳоро дар бар мегирифт: фортепиано, санъати тасвирӣ, сурудхонии анъанавӣ ва эстрадӣ, рақси халқӣ, DJ, созҳои миллии мусиқӣ ва ҳунарҳои мардумӣ.

Дар доираи бозиҳо намояндагони Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ва Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар конфронси байналмилалӣ ширкат карданд.

Ёдрас мекунем, ки маротибаи нахуст дар Бозиҳои Делфии ҷавонони давлатҳои узви СҲШ беш аз 500 ҳунарманди ҷавон аз кишварҳои иштирокчӣ дар номинатсияҳои фарҳангӣ ва ҳунарӣ бо ҳам рақобат карданд.

АКС: Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон

error: