Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар ҷаласаи Иттиҳоди байналмилалии астрономӣ иштирок намуд – ИА Караван Инфо
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар ҷаласаи Иттиҳоди байналмилалии астрономӣ иштирок намуд

Душанбе, 21 май, – АИ «Корвон Иттилоот». Сиёсати «дарҳои боз», ки бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон гардидааст, барои рушди робитаҳои илмӣ, густариши шаффофияти ҳамкориҳои байналмилалӣ ва таҳкими эътимод ба ҳамкории илмӣ заминаи муҳим фароҳам меорад. Ин сиёсат ба фаъолияти самараноки олимону муҳаққиқони кишвар мусоидати ҷиддӣ менамояд.

Дар ин раванд, олимони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мунтазам дар конференсияҳо ва ҷаласаҳои сатҳи байналмилалӣ иштирок намуда, дастовардҳои илмии худро муаррифӣ мекунанд.

Яке аз намояндагони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, корманди Институти астрофизикаи АМИТ, узви вобастаи АМИТ Гулчеҳра Қоҳирова дар Ҷаласаи минтақавии Иттиҳоди байналмилалии астрономӣ (ИБА) дар минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором — APRIM-2026 иштирок намуд.

Чорабинии мазкур бо ташаббуси Иттиҳоди байналмилалии астрономӣ ва Лабораторияи таҳқиқоти кайҳонии Донишгоҳи Ҳонконг дар минтақаи маъмурии махсуси Ҷумҳурии Мардумии Чин — Ҳонконг аз 2 то 10 майи соли ҷорӣ баргузор гардид.

Дар ҷаласа астрономҳо ва муҳаққиқон аз кишварҳои Осиё, Уқёнуси Ором ва Аврупо — дар маҷмӯъ намояндагони 37 давлат — ҷамъ омаданд. Ин платформаи бонуфуз барои табодули таҳқиқоти пешрафта, ғояҳои инноватсионӣ ва тавсеаи ҳамкориҳои муштарак дар соҳаҳои астрономия, астрофизика, илми кайҳонӣ ва устувории кайҳонӣ хизмат намуд.

Дар доираи 350 маърӯза, муҳокимаҳои бахшӣ, семинарҳо ва ҷаласаҳои постерӣ иштирокчиён ба як қатор мавзӯъҳои муҳим, аз ҷумла омӯзиши сайёраҳо, таҳаввули ситораҳо, динамикаи галактикӣ, космология ва астрономияи мушоҳидавӣ таваҷҷуҳ зоҳир карданд.

Ҷаласаи минтақавии APRIM-2026 заминаи муҳиме барои рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ, парвариши кадрҳои нав ва пешрафти донишҳои илмӣ дар соҳаи астрономия ва астрофизика ба ҳисоб меравад.

Дар доираи ин форум Г. Қоҳирова бо маърӯзаи шифоҳӣ таҳти унвони «Баъзе натиҷаҳои таҳқиқи партовҳои кайҳонӣ дар Тоҷикистон» баромад намуда, иштирокчиёнро бо натиҷаҳои охирини таҳқиқотӣ дар самти омӯзиши партовҳои кайҳонӣ ва радифҳои маснӯии Замин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шинос намуд.

Ҳамчунин дар ҳошияи чорабинӣ мулоқоту гуфтушунидҳо бо олимону мутахассисони соҳаи кайҳонӣ аз кишварҳои минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором баргузор гардид, ки дар онҳо масъалаҳои густариши ҳамкориҳои илмӣ, табодули маълумот ва таҳкими робитаҳои байналмилалӣ баррасӣ шуданд.

Боиси ифтихор аст, ки дар миёни 37 кишвар ва 350 маърӯзаи шифоҳӣ, намояндаи олимони Тоҷикистон тавонист дастовардҳои кишварро дар самти омӯзиши кайҳон муаррифӣ намояд.

АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон / National Academy of Sciences

error: