Нашри русии стандартҳои AAOIFI: марҳилаи нави рушди молияи исломӣ дар Евразия – ИА Караван Инфо
Нашри русии стандартҳои AAOIFI: марҳилаи нави рушди молияи исломӣ дар Евразия

Душанбе, 27 феврал, – АИ «Корвон Иттилоот». Тарҷумаи расмии русии стандартҳои шарии AAOIFI — маркази байналмилалии таҳиякунандаи меъёрҳои молияи исломӣ — бо дастгирии Бонки рушди Авруосиё (ЕАБР) ба нашр расид. Ин иқдом дастрасии кишварҳои ИДМ ва Осиёи Марказиро ба пояи ягонаи меъёрии молияи исломӣ фароҳам месозад.

Тибқи иттилои расмӣ, интишори тарҷума имкониятҳои навро барои бонкҳо, фондҳои сармоягузорӣ ва ширкатҳои финтех дар минтақа боз мекунад. Сухан на танҳо дар бораи дастрасии забонӣ меравад, балки дар бораи ташаккули фазои ягонаи ҳуқуқӣ ва истилоҳотӣ барои татбиқи маҳсулоти молиявии мутобиқ ба талаботи шариат.

AAOIFI созмони мустақили байналмилалӣ буда, қароргоҳаш дар Баҳрайн ҷойгир аст ва зиёда аз 200 стандарт таҳия намудааст, ки дар беш аз 50 кишвар татбиқ мегарданд. Стандартҳои тарҷумашуда бахшҳои асосии молияи исломиро фаро мегиранд: амалиёт ва муомилоти бонкӣ, шартномаҳои асосии молиявӣ, шартномаҳои таъминӣ, танзими қарздорӣ, инчунин масъалаҳои закот ва вақф.

Дабири кулли AAOIFI Умар Мустафо Ансорӣ таъкид намуд, ки тарҷумаи русии стандартҳо «пул миёни бозори байналмилалии молияи исломӣ ва бозори рӯ ба рушди кишварҳои минтақаи Евразия» мебошад ва метавонад ба як намунаи муассир барои бозори ҷаҳонӣ табдил ёбад.

Тибқи тадқиқоти Бонки рушди Авруосиё развития, дороиҳои бонкдории исломӣ дар Осиёи Марказӣ то соли 2033 метавонанд ба 6,3 миллиард доллар расанд. Ин нишондиҳанда аз дурнамои густариши бозор, ҷалби сармоя ва ҷорӣ намудани маҳсулоти нави мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ шаҳодат медиҳад.

Бонки рушди Авруосиё, ки ин ташаббусро дастгирӣ менамояд, имрӯз 326 лоиҳаро бо ҳаҷми умумии 19,6 миллиард доллар амалӣ мекунад. Аз ҷумла самтҳои афзалиятноки он — инфрасохтори нақлиётӣ, энергетикаи «сабз», технологияҳои рақамӣ ва мошинсозӣ мебошанд, ки ба ҳамгироии иқтисодии минтақа мусоидат менамоянд.

Акс: sohbet.media.

error: