Душанбе, 15 май, – АИ «Корвон Иттилоот». Бахшида ба ҷашни бузург — 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон — 14-уми майи соли 2026, дар толори калони Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов консерти бошукӯҳи донишҷӯи курси дуюми ихтисоси фортепиано Самира Амиршоева таҳти унвони «Эҳёи садо» баргузор гардид.

Ин чорабинии фарҳангӣ ба яке аз рӯйдодҳои хотирмони ҳаёти ҳунарии Консерваторияи миллӣ табдил ёфта, ифодагари сиёсати фарҳангпарваронаи давлат ва рушди пайвастаи санъати касбӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ мебошад.
Дар барномаи консертӣ роҳбарияти Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов, бастакорону чеҳраҳои маъруфи ҳунар, устодон, донишҷӯён ва дӯстдорони мусиқии классикӣ иштирок намуданд. Сатҳи баланди ташкил ва маҳорати иҷроии ҳунармандони ҷавон аз ҷониби ҳозирин баҳои баланд гирифт. Ҳузури васеи намояндагони муҳити фарҳангӣ ба чорабинӣ шукӯҳу шаҳомати хос бахшида, аз афзоиши таваҷҷуҳи ҷомеа ба рушди мусиқии касбӣ ва дастгирии истеъдодҳои ҷавон шаҳодат дод.
Барномаи консертӣ бо гуногунрангӣ фарқ дошта, беҳтарин намунаҳои мусиқии классикии тоҷик, рус ва аврупоиро фаро мегирифт. Дар саҳна ҳунармандони ҷавон — Самира Амиршоева, Карина Қодирова, Таманно Баҳромова, Яздон Сангов ва Беҳрӯз Набиев — бо маҳорати баланд асарҳои бастакорони машҳурро иҷро намуданд.
Аз ҷумла «Элегия»-и А. Бабаджанян, «Хонаи мо»-и З. Шаҳидӣ (шеъри М. Турсунзода), «Прелюдия №1»-и С. Рахманинов, «Лайлӣ ва Маҷнун»-и Ҷ. Халилов, «Libertango»-и А. Пяццолла, «Бозии нард» (T. Шаҳидӣ), «Ayriliq»-и А. Салими, «Ишқи ман»-и Ф. Баҳор ва «Сарахбор»-и Ш. Сайфиддинов пешкаши тамошобинон гардиданд.

Ҳар як иҷро сатҳи баланди омодагӣ, фарҳанги мусиқӣ ва истеъдоди ҷавонони ҳунармандро инъикос мекард. Ҳамоҳангии техникаи иҷро, дарки амиқи мусиқӣ ва муносибати ҷиддӣ ба асарҳои классикӣ нишон дод, ки насли нави ҳунармандони тоҷик, ки дар фазои истиқлол ба камол расидаанд, қодир аст санъати миллиро бо беҳтарин анъанаҳои ҷаҳонӣ пайванд диҳад.
Тамошобинон ҳар як баромадро бо кафкӯбиҳои гарму самимӣ истиқбол намуданд. Муҳити консерт ва мазмуни барнома нақши муҳимми чунин чорабиниҳоро дар тарбияи эстетикӣ ва маънавии ҷавонон таъкид намуд.
Консерти «Эҳёи садо» бори дигар собит сохт, ки насли ҷавони даврони соҳибистиқлолӣ ворисони арзандаи фарҳангу ҳунари миллӣ буда, метавонанд дар муаррифии санъати тоҷик дар арсаи байналмилалӣ саҳми назаррас гузоранд. Чунин чорабиниҳо эҳсоси худшиносӣ, ифтихори миллӣ ва ҳувияти фарҳангиро таҳким мебахшанд.
Дар фарҷоми чорабинӣ муовини ректор оид ба таълими Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов З.Ш. Аҳмадзода ба ҳунармандони ҷавон аз номи роҳбарияти консерватория барои иҷрои шоиста ва сатҳи баланди консерт изҳори табрик намуд. Ӯ таъкид кард, ки ҳамаи дастовардҳо натиҷаи сиёсати фарҳангпарварона ва фазои суботи даврони истиқлол мебошанд.

Ҳамчунин гуфта шуд, ки роҳбарияти консерватория минбаъд низ тамоми имкониятҳоро барои омодасозии мутахассисони баландихтисос, рушди мактаби мусиқии касбӣ ва дастгирии истеъдодҳои ҷавон равона хоҳад кард. Ӯ ба иштирокчиён комёбиҳои нави эҷодӣ ва дастовардҳои бештар орзу намуд.
АКС: Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов
