Нишасти матбуотӣ: натиҷагирӣ аз фаъолияти академия дар нимсолаи аввали соли 2026 дар ҳузури намояндагони ВАО - ИА Караван Инфо
Нишасти матбуотӣ: натиҷагирӣ аз фаъолияти академия дар нимсолаи аввали соли 2026 дар ҳузури намояндагони ВАО

Душанбе, 07 июл, – АИ «Корвон Иттилоот». 06 июли соли 2026, дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ вобаста ба ҷамъбасти фаъолияти Академия дар нимсолаи аввали соли 2026 баргузор гардид.

Дар нишасти матбуотӣ ректори Академия Даврон Сафарзода, сардори шуъбаи кадрҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Мурод Саидзода, ноибони ректор, сардорони раёсатҳо, деканони факултетҳо, омӯзгорону кормандони Академия, ҳамчунин намояндагони васеи воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд.

Нишасти матбуотиро ректори Академия Даврон Сафарзода ифтитоҳ намуда, оид ба дастовардҳо, натиҷаҳо ва самтҳои асосии фаъолияти Академия дар нимсолаи аввали соли 2026 маълумоти муфассал пешниҳод кард. Зимни баромади худ таъкид намуд, ки Академияи идоракунии давлатӣ дар давраи ҳисоботӣ дар соҳаҳои таълиму тарбия, корҳои илмию таҳқиқотӣ ва рушди муносибатҳои байналмилалӣ ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидааст.

Иттилоъ дода шуд, ки ҳамаи ин дастовардҳо самараи сиёсати саривақтӣ, хирадмандона ва дурбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, Академия ҳамчун муассисаи давлатии таълимӣ барои татбиқи самараноки нақшаҳо ва иҷрои вазифаҳои дарпешгузошташуда пайваста талош менамояд.

Дар ҷараёни нишасти матбуотӣ рӯзноманигорон доир ба масъалаҳои баланд бардоштани сатҳу сифати раванди такмили ихтисос ва бозомӯзии хизматчиёни давлатӣ, нашри китобҳо доир ба хизматҳои Пешвои миллат дар рушди давлатдории миллӣ, рақобатпазирии хатмкунандагони Академия дар бозори дохилӣ ва хориҷи кишвар, нашри мавод доир ба муқовимат ба коррупсия, фаъолияти маркази дипломатияи об, рушди зеҳни сунъӣ ва баланд бардоштани сатҳи худшиносии миллӣ ва дигар масъалаҳои мубрам саволҳо пешниҳод намуда, аз ҷониби роҳбарияти Академия ҷавобҳои мушаххас ва қонеъкунанда дарёфт намуданд.

АКС: Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон