Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар бораи мутақобилан бекор намудани талаботи раводид барои дорандагони шиносномаҳои дипломатӣ ва хизматӣ ба имзо расид. Бино ба маълумоти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистонмаросими ба имзорасон 27 сентябр дар Ню-Йорк дар ҳошияи иҷлоси 79-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба хабар медиҳад.
Ёддошти тафоҳумро Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ва Вазири корҳои хориҷии Подшоҳии Арабистони Саудӣ Файсал ибни Фарҳон Оли Сауд ба имзо расониданд.
Дар ҷараёни мулоқот вазирон ҳамчунин як қатор мавзуъҳои муҳими рӯзномаи дуҷониба ва ҷаҳонӣ, аз ҷумла масъалаҳои амнияти минтақавӣ, ҳамкории иқтисодӣ ва обу иқлимро матраҳ карданд.
АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

