Остона, 12 апрели соли 2026-АИ «Караван Инфо». Санаи 12-уми апрел дар Остона, ба монанди тамоми Қазоқистон, масеҳиёни православии Эҳёи Дурахшони Масеҳ – Пасхаро ҷашн мегиранд. Дар ин рӯз маъбадҳо бо фазои махсуси шодӣ, имон ва ҳамбастагии рӯҳонӣ пур мешаванд.
Хабарнигори худи АИКараван Инфо ба Калисои Константино-Еленинский ташриф овард, ки дар он ҷо ибодатҳои идона ва тақдиси хӯрокҳои иди пасха баргузор шуданд.



Аз субҳи барвақт дар саҳни маъбадгоҳ ҷамъомадагон бо сабадҳо ҳамроҳ омаданд, ки дар онҳо нонҳои пухта, тухмҳои ранга, шириниҳо буданд. Мардум дар интизори лаҳзаи тақдис саф мекашанд. Дар байни онҳо рӯҳониён бо оби муқаддас об мепошанд ва дуоҳо мехонанд. Дар ин лаҳза чеҳраи одамон бо оромӣ ва хурсандии дурахшон пур мешавад ҳар кас худро дар анъанаи қадимӣ ҳис мекунад.



Диакон Евгений имондоронро бо ид табрик гуфт:
“Бигзор нури Эҳеи Масеҳ дили шуморо бо шодӣ пур кунад, имонро мустаҳкам кунад ва ба ҳар хона сулҳ, муҳаббат ва некӯаҳволӣ орад.”
Анна Сеттарова, ки барои тақдиси нонҳо ва тухмҳо омада буд, эҳсосоти худро нақл намуд:
“Барои ман, Пасха -вақти умед ва гармӣ аст,ки шумо ба маъбад меоед, шумо оромии махсус ва имон ба беҳтаринро ҳис мекунед.”

Пасха дар Остона на танҳо як ҷашни динӣ, балки як рӯйдоди муҳимест, ки одамонро муттаҳид мекунад ва арзишҳои абадии некӣ, раҳмдилӣ ва эҳёи рӯҳониро ба ёд меорад.
Видео ва аксҳо: АИ “Караван Инфо” (Остона)
