Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Кӯшониён раванди таҳкими соҳили Вахшро аз наздик баррасӣ кард - ИА Караван Инфо
Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Кӯшониён раванди таҳкими соҳили Вахшро аз наздик баррасӣ кард

Душанбе, 07 июл, – АИ «Корвон Иттилоот». Дар вилояти Хатлон корҳои васеъмиқёси соҳилмустаҳкамкунӣ дар соҳили дарёи Вахш идома доранд, ки ҳадафи онҳо пешгирии хавфи фарсоиши соҳил, ҳифзи маҳалҳои аҳолинишин ва заминҳои кишоварзӣ мебошад.

Зимни сафари корӣ Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо рафти иҷрои ин корҳо дар ҳудуди деҳаи Сари Пул ҷамоати шаҳраки Бохтариёни ноҳияи Кӯшониён шинос шуданд.

Дар ҷараёни боздид таъкид гардид, ки минтақаҳои Сари Ҳавз ва Сари Пул аз ҷумлаи мавзеъҳои осебпазири соҳили дарёи Вахш ба ҳисоб мераванд. Дар натиҷаи тағйирёбии маҷрои дарё ва идомаи фарсоиши табиӣ, як қатор заминҳои кишоварзӣ, хоҷагиҳои моҳипарварӣ ва манзилҳои истиқоматӣ ба хатари ҷиддии шуста шудан рӯ ба рӯ шудаанд.

Тибқи маълумоти масъулон, дар деҳаи Сари Ҳавз, ки зиёда аз 2 ҳазору 560 нафар аҳолӣ ва 186 хоҷагии оилавӣ дорад, аллакай қисме аз заминҳои кишоварзӣ ва хоҷагиҳои моҳипарварӣ зери таъсири об қарор гирифтаанд. Ҳамзамон хатари паҳншавии зарар ба манзилҳои истиқоматӣ низ боқӣ мемонад.

Дар деҳаи Сари Пул, ки беш аз 1 ҳазору 300 нафар аҳолӣ дорад, вазъият низ мураккаб арзёбӣ мешавад ва минтақа ба таври доимӣ зери назорати хадамоти масъул қарор дорад. Бо мақсади коҳиш додани хатар, тадбирҳои иловагии муҳандисӣ ва муҳофизатӣ амалӣ мегарданд.

Таъкид гардид, ки дар давоми соли 2026 дар ин минтақа бо иштироки сохторҳои давлатӣ, мақомоти маҳаллӣ, соҳибкорон ва аҳолӣ як қатор чорабиниҳои маҷмӯӣ баргузор шудаанд. Аз ҷумла, машқҳои ғайринақшавии мудофиаи гражданӣ ва ҳашарҳои дастаҷамъона бо ҳадафи омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ташкил карда шудаанд.

Дар доираи корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ садҳо тахтасангҳои оҳанин ва бетонӣ насб гардида, саддаҳои муҳофизатӣ бунёд ва ҳандақҳо канда шудаанд. Ҳамзамон ба минтақа ҳазорҳо метри мукааб қуму шағал, сангҳои калонҳаҷм ва дигар маводи сохтмонӣ интиқол дода шудааст. Барои иҷрои ин корҳо зиёда аз 120 техникаи гуногун, аз ҷумла экскаваторҳо, мошинҳои боркаш, кранҳо ва техникаи махсус ҷалб гардидааст.

Танҳо дар деҳаи Сари Ҳавз дар муддати кӯтоҳ 647 тахтасанги оҳанину бетонӣ насб, 700 метр ҳандақ канда ва саддаи муҳофизатӣ бо паҳноии 9 метр ва баландии 7 метр сохта шудааст. Инчунин миқдори зиёди маводи хокӣ ва сангӣ барои таҳкими соҳил истифода гардидааст.

Ба гуфтаи мутахассисон, тадбирҳои андешидашуда аллакай натиҷаи мусбат додаанд: самти ҷараёни оби дарёи Вахш то андозае тағйир ёфта, фишори он ба соҳили чап коҳиш ёфтааст. Ин ҳолат барои пешгирии идомаи фарсоиши соҳил ва ҳифзи манзилҳои аҳолӣ аҳамияти муҳим дорад.

Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ва раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ба масъулон дастур доданд, ки корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ бо истифода аз тамоми имкониятҳо идома дода шуда, барои таъмини амнияти аҳолӣ, ҳифзи заминҳои кишоварзӣ ва пешгирии хавфҳои эҳтимолии офатҳои табиӣ чораҳои иловагӣ андешида шаванд.

Акс: РӮЗНОМАИ “ХАТЛОН”