Душанбе, 06 июл, – АИ «Корвон Иттилоот». Тадқиқоти байналмилалие, ки дар маҷаллаи илмии ScienceDirect нашр шудааст, коҳиши нигаронкунандаи маҷрои дарёи Ому (Амударё)-ро дар қисматҳои миёна ва поёнии он ба андозаи 54–77 фоиз ошкор намуд.

Бар хилофи ақидаи маъмул, ки гармшавии глобалӣ омили асосии коҳиши захираҳои об мебошад, олимон ба хулоса омадаанд, ки сабаби асосии хушкшавии муҳимтарин раги обии минтақа фаъолияти бесарусомони хоҷагидории инсон аст. Афзоиши аз ҳад зиёди гирифтани об, васеъ гардидани майдонҳои обёришаванда то 150 фоиз ва рушди густурдаи инфрасохтори обёрӣ имкониятҳои табиии ҳавзаи дарёро амалан аз байн бурдааст.
Барои Тоҷикистон, ки кишвари болооби ҳавза буда, то 66 фоизи маҷрои дарёи Ому аз ҳисоби дарёҳои Панҷ ва Вахш дар ҳудуди он ташаккул меёбад, натиҷаҳои ин пажӯҳиш аҳаммияти стратегии махсус доранд.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки тағйирёбии иқлим ва зиёд шудани ҳаҷми боришот ба андозаи 6–13 фоиз аз ҷиҳати назариявӣ бояд маҷрои дарёро 14–20 фоиз афзоиш медод. Аммо дар қисми поёнии дарё (буриши Қизилҷар) таъсири фаъолияти инсон ба 114–120 фоиз расида, ин афзоиши табииро пурра безарар гардондааст.
Ҳатто дар буриши танзимшавандаи Тутқавул (поёнтар аз Неругоҳи барқи обии «Норак» дар дарёи Вахш) таъсири антропогенӣ ҷараёни обро 10 фоиз коҳиш додааст, ҳарчанд омилҳои иқлимӣ имкони афзоиши 8-фоиза-ро фароҳам оварда буданд. Ин нишон медиҳад, ки низоми гидроэнергетикии Тоҷикистон бо фишори ҷиддии истеъмоли об дар кишварҳои поёноби ҳавза рӯ ба рӯ мебошад.
Дар миқёси Осиёи Марказӣ кишоварзӣ бузургтарин истеъмолкунандаи захираҳои об боқӣ мемонад. Тибқи маълумоти пажӯҳиш, 92 фоизи тамоми ҳаҷми оби гирифташуда барои обёрии асосан пахта, биринҷ ва гандум истифода мешавад. Коҳиши маҷрои шохобҳои асосӣ — Вахш, Кофарниҳон, Зарафшон ва Сурхондарё — дар ҳудуди 4 то 34 фоиз ба амнияти озуқаворӣ ва экологӣ таҳдиди мустақим эҷод мекунад.
Дар дурнамо бошад, обшавии пиряхҳои Тоҷикистон минтақаи Осиёи Марказиро аз захираи табиии об маҳрум намуда, дар шароити идомаи истеъмоли аз ҳад зиёди об дар поёноб метавонад боиси шиддат гирифтани норасоии фаромарзии об гардад.
Дарёи Ому имкониятҳои истифодаи экстенсивии худро қариб пурра аз даст додааст. Ягона роҳи пешгирии буҳрони эҳтимолии минтақавӣ навсозии куллии низомҳои обёрӣ дар кишварҳои поёноб, ҷорӣ намудани низоми рақамии баҳисобгирии захираҳои оби фаромарзӣ ва истифодаи самараноки об мебошад. Барои Тоҷикистон натиҷаҳои ин таҳқиқот метавонанд ҳамчун далели муҳими илмӣ дар минбарҳои байналмилалии иқлимӣ ҷиҳати ҳифзи захираҳои пиряхӣ ва истифодаи оқилонаи обҳои фаромарзӣ хизмат намоянд.
Манбаъ: тадқиқоти ScienceDirect / АКС: DWC
