Душанбе, 20 июл, – АИ «Корвон Иттилоот». Дар шаҳри Истаравшан 18 июли соли 2026 чорабинии махсус оид ба санҷиши ҳолати омодабошии захираҳои сафарбарӣ ва қувваю воситаҳои мудофиаи ҳудудӣ баргузор гардид. Чорабинӣ дар Варзишгоҳи марказии шаҳр доир шуда, ба арзёбии сатҳи омодагии сохторҳои масъул, ҳамоҳангии фаъолияти мақомоти дахлдор ва санҷиши имкониятҳои сафарбарии минтақа равона гардид.

Дар чорабинӣ сардори Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якуми Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенант Саидзода Бобоҷон Абдуқодир, раиси шаҳри Истаравшан Абдусаттор Қодирӣ, муовинони раиси шаҳр, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, инчунин намояндагони ташкилоту муассисаҳо иштирок намуданд.
Дар доираи чорабинии муҳими сиёсӣ ва мудофиавӣ шаҳрвандони дорои ихтисосҳои гуногун, ки ба ҳайати шахсии захиравӣ шомил мебошанд, инчунин кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо бонги хатар ба майдони Варзишгоҳи марказии шаҳр ҷамъ оварда шуданд. Тибқи натиҷаи санҷиш, иҷрои нақша 101 фоиз таъмин гардид.
Ҳамзамон, дар майдони ҶДММ «Ширкати нақлиётии “Дӯстӣ”» беш аз 1260 адад техникаи гуногуни хоҷагии халқ дар ҳолати омодабошӣ қарор дода шуд. Ин нишондиҳанда имкониятҳои захиравии минтақа ва омодагии сохторҳои дахлдорро барои истифодаи фаврии техника ва воситаҳои мавҷуда дар ҳолатҳои зарурӣ нишон медиҳад.

Ҳадафи асосии баргузории чорабинӣ санҷиши омодабошии ҷангӣ, сафарбарӣ ва мудофиаи ҳудудӣ, такмили малакаи ҳайати шахсии иштироккунандагон, баланд бардоштани ҳамоҳангии сохторҳои низомии минтақа дар ҳолати ба вуҷуд омадани хатарҳои эҳтимолӣ ва санҷиши дурусти амалиётӣ-тактикӣ арзёбӣ гардид.
Дар баробари ин, чорабинӣ барои васеъ намудани имкониятҳои қувва ва воситаҳои минтақаи мудофиаи ҳудудӣ, баланд бардоштани омодагии равонӣ, қобилияти ҷисмонӣ ва сатҳи масъулияти иштирокчиён замина фароҳам овард.

Зимни суханронӣ сардори Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якуми Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенант Саидзода Бобоҷон Абдуқодир таъкид намуд, ки дар шароити ҳассоси минтақа ва ҷаҳон ҳифзи амнияти халқи тоҷик ва давлати тоҷикон, нигоҳ доштани фазои ороми сиёсиву ҷамъиятӣ, сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва сарҷамъии миллат барои таҳкими давлатдорӣ аҳамияти аввалиндараҷа дорад.
Раиси шаҳри Истаравшан Абдусаттор Қодирӣ дар фарҷоми чорабинӣ иброз дошт, ки сокинони шаҳр дар пайравӣ ба сиёсати роҳбарияти олии кишвар ҳамеша барои ҳифзи амнияту оромии Ватан омода буда, ба Ватан ва Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон содиқ мебошанд.
Дар идомаи суханронӣ ба ташаббуси навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027–2036» ишора гардид. Таъкид шуд, ки сулҳу ваҳдати комили сиёсӣ бузургтарин неъмат ва заминаи асосии рушди устувори ҷомеа мебошад.

Дар доираи чорабинӣ ба як қатор фаъолон ифтихорномаҳо супорида шуда, ба падару модарони якчанд сарбозон низ ифтихорнома ва сипосномаҳо тақдим гардиданд.
Пас аз анҷоми чорабинии асосӣ дар комиссариати ҳарбии шаҳри Истаравшан ҷаласаи ситоди ноҳияи мудофиаи ҳудудӣ баргузор гардид, ки дар он масъалаҳои вобаста ба омодагӣ ва ҳамоҳангии минбаъдаи сохторҳои масъул баррасӣ шуданд.
Акс: Дафтари матбуоти раиси шаҳри Истаравшан.\
