Душанбе, 14 апрел, – АИ «Корвон Иттилоот». 13 апрел, дар кинотеатри ба номи Тоҳир Собирови Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» нахустнамоиши филми ҳунарии «Ошёни меҳр» баргузор гардид.

Ин асар бо ташаббуси «Тоҷикфилм» дар ҳамкорӣ бо МДТВ «Синамо» таҳия шуда, ба ифтихори 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯйи кор омадааст.
Филмро коргардон Муҳаммадрабӣ Исмоил ба навор гирифта, муаллифи филмнома Мижгона Халилова ва наворбардор Наврӯз Саидов мебошанд. Тавре аз муҳтавои асар бармеояд, «Ошёни меҳр» бори аввал мавзӯи Нерӯгоҳи барқи обии Роғунро дар қолаби филми бадеӣ инъикос мекунад ва аз зиндагии нерӯофарон ва бинокорони ин иншооти бузург қисса менамояд.
Сюжети филм бар пояи муҳаббати ду ҷавон — Рустам ва Таҳмина — бунёд ёфтааст. Қаҳрамонони асар дар муҳити пурталотуми сохтмони Роғун, миёни заҳмати сангин ва шароити душвор, ошёни муҳаббати худро месозанд. Ҳамин омезиши мавзӯи бузурги миллӣ ва хатти ошиқона ба филм мазмуни хос додааст.
Дар филм ҳунарпешагони касбии кишвар нақш офаридаанд. Дар маросими нахустнамоиш қаҳрамонони филм, ҳунармандон, коргардонҳо ва дӯстдорони синамои миллӣ иштирок намуданд.

Ба гуфтаи коргардон Муҳаммадрабӣ Исмоил, пас аз нахустнамоиш филми «Ошёни меҳр» ба намоиши васеъ мебарояд ва ҳамчунин дар шакли силсилафилми телевизионӣ низ пешкаши тамошобинон хоҳад шуд.
АКС: Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм»
