Остона, 01 майи соли 2026 – АИ Караван инфо. Санаи 1-уми май дар Остона фестивали васеъмиқёси шаҳрии фарҳанг ва таомҳои миллӣ баргузор гардид «Қазоқистон – бирлик мeкeни» («Қазоқистон — макони ваҳдат», қaз.), бахшида ба Рӯзи ваҳдати мардуми Қазоқистон. Хонаи дустӣ ба макони баргузории он табдил ёфт.

Дар ҷашнвора намояндагони беш аз 20 иттиҳодияи этнофарҳангии пойтахт гирди ҳам омаданд. Иштирокчиён анъанаҳо, расму оинҳо ва мероси ғании гастрономии халқҳои сокини кишварро муаррифӣ намуданд. Меҳмонони чорабинӣ тавонистанд бо таомҳои миллӣ шинос шаванд, дар дарсҳои маҳорат ширкат варзанд ва аз майдонҳои интерактивӣ дидан кунанд.
Дар программа баромадхои консертии коллективҳои эчодӣ, инчунин намоиши маҳсулоти дастӣ аз модароне, ки фарзандони махсусро тарбия мекунанд, иборат буд. Барои меҳмонон барои тамоми оила барномаи фарҳангӣ фароғатӣ ташкил намуда шуд.



Ташкилкунанда Зауре Оспанова бо дастгирии Хонаи дӯстии шаҳр буд. Ҳадафи асосии фестивал — оммавӣ гардонидани гуногунии фарҳангӣ, рушди сайёҳии дохилӣ, инчунин дастгирии соҳибкории хурду иҷтимоӣ мебошад.

Ба гуфтаи созмондиҳандагон:
«чорабинӣ як платформаи муассир барои муколамаи байнифарҳангӣ ва таҳкими ваҳдати ҷомеа гардид. Шакли кушоди фестивал имкон дод, ки шумораи зиёди сокинон ва мехмонони пойтахт чалб намуда шаванд. »

Акс: ИА Караван Инфо
