Парчами Қазоқистон дар пойгоҳи миссияи сулҳофарии СММ дар Лубнон бардошта шудааст - ИА Караван Инфо
Парчами Қазоқистон дар пойгоҳи миссияи сулҳофарии СММ дар Лубнон бардошта шудааст

Лубнон, 17 июли соли 2026-АИ «Караван Инфо». Дар заминаи нерӯҳои Муваққатии Созмони Милали Муттаҳид дар Лубнон (Unifil – United Nations Interim Force in Lebanon) маросими бардоштани парчами Давлатии Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор шуд.

Дар чорабинӣ фармондеҳи баталёни ҳиндустон полковник Прасун Сингх, хизматчиёни ҳарбии ҷузъу томҳо, фармондеҳи контингенти қазоқистон лейтенанти калон Талгат Исмоилов ва тамоми гурӯҳи миллӣ иштирок намуданд. Полковник Сингх парчами Қазоқистонро дар ҳудуди пойгоҳ бардошт ва ба командири контингент нишони хотиравии миссияро супорид.

Маросим рамзи воридшавии расмии сулҳҷӯёни Қазоқистон ба пойгоҳе мебошад, ки дар он онҳо хидмат хоҳанд намуд. Ёдовар мешавем, ки 11 сарбоз барои иҷрои вазифаҳо дар ҳайати миссияи СММ ба Лубнон омадаанд. Онҳо дар давоми шаш моҳ хидмат хоҳанд намуд.

Сурат: ВМ-и ҶҚ