Пасха дар Душанбе: Иди нур ҳамчун фазои имон ва ваҳдат – ИА Караван Инфо
Пасха дар Душанбе: Иди нур ҳамчун фазои имон ва ваҳдат

Душанбе, 13 апрел, – АИ «Корвон Иттилоот». 12 аперел  масеҳиёни православӣ дар саросари ҷаҳон Иди асосии худро — Иди эҳёи Исои Масеҳро таҷлил мекунанд, ки рамзи пирӯзии ҳаёт бар марг, нур бар торикӣ ва таҷассумгари арзишҳои абадии имон, умед ва муҳаббат мебошад.

Дар пойтахти Тоҷикистон маросими идона дар Кафедрали муқаддаси Николай (Свято-Никольский кафедральный собор)  баргузор гардид, ки дар он садҳо нафар бо ибодати шабона Пасхаро истиқбол гирифтанд.

Шамъҳои фурӯзон, садои зангӯлаҳо ва сурудҳои идона фазои махсуси рӯҳониро ба вуҷуд оварданд.

Яке аз лаҳзаҳои асосӣ баргузории гашти динӣ — Крестный ход буд, ки дар он даҳҳо нафар иштирок намуданд. Ҳамчунин намозгузорон дар литургияи идона ширкат варзиданд, ки қисми муҳими маросим ба ҳисоб меравад.

Дар маросим намояндагони корпуси дипломатӣ, аз ҷумла Семён Григорьев ва кормандони сафорати Русия бо аҳли оила иштирок доштанд.

Дар Тоҷикистон таҷлили Пасха аз доираи як маросими динӣ фаротар рафта, ба як унсури муколамаи фарҳангӣ табдил меёбад. Ин гуна чорабиниҳо эҳтироми мутақобила ва ҳамдигарфаҳмиро тақвият мебахшанд.

Пасха дар Душанбе нишон медиҳад, ки арзишҳои рӯҳонӣ то ҳол нақши муттаҳидкунандаро иҷро мекунанд ва дар шароити ҷаҳони муосир аҳамияти худро гум накардаанд.

Бо Ид муборак! Масеҳ эҳё шуд!

Акс: Сафорати Русия дар Тоҷикистон

error: