Душанбе, 08 июн, – АИ «Корвон Иттилоот». Бо мақсади беҳтар намудани шароити фаъолият ва баланд бардоштани сатҳи корҳои илмӣ-амалӣ, роҳбарияти Пажӯҳишгоҳи биологии Помир ба номи академик Х. Ю. Юсуфбекови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон таҳти роҳбарии доктори илмҳои биологӣ, профессор Абдулназарзода Абдулназар Ғоибназар ҳамкориҳои байналмилалии илмиро фаъолона густариш медиҳад.

Дар доираи ин ҳамкорӣ ба институт мутахассисони Пажӯҳишгоҳи систематика ва экологияи ҳайвоноти Шуъбаи Сибири Академияи илмҳои Русия — доктори илмҳои биологӣ Анатолий Баркалов ва номзади илмҳои биологӣ Вадим Зинченко даъват шуданд. Олимони рус якҷо бо кормандони муассиса таҳқиқоти илмӣ ва амалиро анҷом медиҳанд.
Мутахассисони даъватшуда ҳамроҳ бо кормандони Шуъбаи гуногунии наботот ва ҳайвонот — Содатқадамова Д. ва Исроров К. И. — ба корҳои саҳроӣ (экспедитсионӣ) сафар намуда, нахуст аз ноҳияи Роштқалъа ва сипас аз ноҳияи Ванҷ боздид карданд.

Дар доираи экспедитсия таваҷҷуҳи асосӣ ба омӯзиши гуногунии биологии сахтболҳо (Coleoptera) ва аррамагасҳо (Symphyta) равона шудааст. Тибқи маълумоти илмӣ, дар ҳудуди Тоҷикистон 23 намуди сахтбол ва 71 намуди аррамагас ба қайд гирифта шудааст, аммо дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон танҳо 12 намуд ошкор гардидааст.
Зимни корҳои саҳроӣ олимони хориҷӣ кормандони институтро бо усулҳои муосири таҳқиқот шинос намуда, таъкид карданд, ки мавқеи нодири ҷуғрофии Бадахшон ба паҳншавӣ ва гуногунии олами набототу ҳайвоноти минтақа таъсири назаррас мерасонад.
Пас аз анҷоми марҳилаи саҳроӣ маводи ҷамъоваришуда дар шароити озмоишгоҳӣ мавриди омӯзиши амиқ қарор дода мешавад. Дар асоси натиҷаҳои бадастомада маълумоти илмӣ оид ба намудҳои ҳашарот ва хусусиятҳои онҳо таҳия шуда, ба роҳбарияти институт пешниҳод мегардад.
Олимони рус ба сатҳи ҳамкориҳои илмӣ баҳои баланд дода, зикр намуданд, ки чунин ҳамкорӣ барои рушди таҳқиқоти муштарак ва таҳкими робитаҳои байналмилалии илмӣ заминаи устувор фароҳам меорад.

Дар навбати худ, директори Пажӯҳишгоҳи биологии Помир Абдулназарзода Абдулназар Ғоибназар сатҳи ҳамкорӣ ва иштироки фаъоли мутахассисони хориҷиро дар корҳои саҳроӣ мусбат арзёбӣ намуда, саҳми онҳоро дар рушди фаъолияти илмӣ-амалӣ назаррас хонд.
Таъкид мешавад, ки чунин экспедитсияҳо ва ҳамкориҳои байналмилалӣ ба таҳкими иқтидори илмии муҳаққиқони ватанӣ, инчунин ҷорӣ намудани усулҳо ва технологияҳои муосир дар таҳқиқоти биологӣ мусоидат мекунанд.
АКС: Пажӯҳишгоҳи биологии Помир ба номи академик Х. Ю. Юсуфбеков
