Душанбе, 21 сентябр, – АИ «Корвон Иттилоот». 20 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба вилояти Суғд омад.

Ҳадафи сафар — ифтитоҳи объектҳои соҳаҳои гуногун, шинос шудан бо вазъи иҷтимоию иқтисодии минтақа, гузаронидани сӯҳбатҳо ва вохӯриҳо бо сокинон, инчунин иштирок дар ҷашнҳои тантанавӣ ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ мебошад.
Дар Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд Пешвои миллатро Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода, намояндагони роҳбарият ва сокинони фахрии вилоят гарму ҷӯшон истиқбол гирифтанд.

Ҷашнҳои тантанавӣ ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ифодаи ифтихор ва шарафи халқи тоҷик барои ин неъмати муқаддас ва бузурги таърихӣ мебошад. Таҳти роҳбарии хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Истиқлоли давлатӣ ҳифз ва таҳким дода шуд, ки он поя ва манбаи бунёди давлатдории муосири миллӣ ва идоракунии давлатӣ гардид. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун давлати осоишта, рушдёбанда ва ташаббускор эътироф гардид.
Маҳз бо шарофати сиёсати хирадмандона ва созандаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо татбиқи ҳадафҳои созанда ҷиҳати таҳкими пояҳои давлатдорӣ, рушди устувори иқтисоди миллӣ ва таъмини ҳаёти шоистаи мардум, боэътимод ба сӯи ояндаи дурахшон ва боз ҳам осудатар қадам мезанад.

Вохӯрии гарм, самимона ва тантанавии намояндагони зиёди ҷомеа бо барномаи пурмазмуни фарҳангӣ, фазои шодмонӣ, ифодаи ифтихор ва сипосгузорӣ барои давлати мустақил далели садоқат, муҳаббати бекарон ва эҳтироми сокинони вилояти Суғд ба Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Сафари кории Президент ба вилояти Суғд дар рӯзҳои ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ таваҷҷуҳи махсуси роҳбарияти кишварро ба рушди минтақаҳо, таҳкими потенсиали иҷтимоию иқтисодӣ ва нигоҳ доштани робитаи зич бо мардум таъкид менамояд.
Акс: АМИТ «Ховар»
