Душанбе, 16 июн, – АИ «Корвон Иттилоот». Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 15 июн Фармонро дар бораи таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об ба имзо расониданд.

Тавре хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ҳуҷҷати мазкур мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардида, ба ҳавасмандгардонӣ ва эътирофи дастовардҳои назаррас дар рушди ҳамкории байналмилалӣ, таҳқиқоти илмӣ, ташаккули сиёсати устувор, инчунин ҳалли масъалаҳои глобалии марбут ба захираҳои об ва тағйирёбии иқлим равона шудааст.
Тибқи фармон, Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об ҳамчун мукофоти бонуфузи байналмилалӣ таъсис дода мешавад, ки барои қадрдонии саҳми арзишманди мутахассисон, олимон, ходимони давлатӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва дигар иштирокдорони рӯзномаи ҷаҳонии об дар самти идоракунии устувори захираҳои об ва таҳкими ҳамкории байналмилалӣ пешбинӣ гардидааст.
Маблағгузории ҷоиза аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ ва дигар сарчашмаҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, амалӣ карда мешавад.
Ҳамчунин бо фармони мазкур ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон супориш дода шудааст, ки дар муҳлати ду моҳ Низомномаи Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи обро таҳия ва тасдиқ намуда, ҳайати комиссияи дахлдорро ташкил диҳад.
Ба иттилои хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъсиси ин ҷоиза идомаи мантиқии ташаббусҳои чандинсолаи байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи об буда, нақши эътирофшудаи кишварро ҳамчун яке аз пешсафони ҷаҳонӣ дар пешбурди масъалаҳои об ва иқлим дар сатҳи байналмилалӣ инъикос менамояд.
Таъкид шудааст, ки Ҷоизаи байналмилалӣ ба як минбари муҳим барои қадрдонии дастовардҳои олимон, коршиносон, созмонҳо ва ходимони давлатӣ табдил хоҳад ёфт, ки фаъолияти онҳо ба идоракунии устувори захираҳои об, таҳкими ҳамкории байналмилалӣ ва ҷустуҷӯи роҳҳалҳои инноватсионӣ дар шароити тағйирёбии иқлим мусоидат менамояд.
Ҳамчунин зикр гардидааст, ки мукофоти нав барои ҳавасмандсозии ташаббусҳои амалӣ ва таҳқиқоти илмӣ дар самти таъмини амнияти обӣ ва рушди устувор заминаи мусоид фароҳам меорад.
Таъсиси ин ҷоизаи байналмилалӣ бори дигар садоқати пайвастаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об, таҳкими шарикии байналмилалӣ ва татбиқи Ҳадафҳои рушди устувор тасдиқ менамояд.
Ёдовар мешавем, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об зимни Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018–2028», ки моҳи апрели соли 2026 дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, эълон намуда буданд.
Пешвои миллат он вақт таъкид карданд, ки ин ҷоиза ба рушди дипломатияи об, таҳкими ҳамкории байналмилалӣ ва ҷустуҷӯи роҳҳои муассири ҳалли мушкилоти ҷаҳонии вобаста ба об мусоидат хоҳад кард.
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
