Песков: Фишори ИМА танхо рад намудани долларро таквият медихад - ИА Караван Инфо
Песков: Фишори ИМА танхо рад намудани долларро таквият медихад

Котиби матбуоти Президенти Русия Дмитрий Песков изхороти Президенти Интихобшудаи ИМА Доналд Трампро дар бораи чори намудани бочхои монеа то 100% барои кишвархои БРИКС дар сурати рад намудани доллар шарх дод.

Ба гуфтаи Песков, раванди даст кашидан аз асъори амрикои дар хисоббаробаркунихои байналмилали “дар саросари чахон кувват мегирад”. Вай кайд намуд, ки кушиши ИМА барои истифодаи доллар танхо ин равандро метезонад. 

“Сухан на танхо дар бораи кишвархои БРИКС, балки дар бораи дигар давлатхое меравад, ки торафт бештар ба истифодаи асъори милли мегузаранд”, — таъкид намуд намояндаи Кремл. 

Песков инчунин изхор дошт, ки доллар хамчун асъори эхтиёти чолибияти худро гум мекунад ва ин ходисаро “раванди эрозияи доллар” номид, ки ба назари у ногузир аст. 

Аксхо: Сергей Бобилев / ТАСС

error: