Душанбе, 03 апрел, – АИ «Корвон Иттилоот». Тоҷикистон дар рушди намудҳои техникии варзиш қадамҳои устувор мегузорад ва ба сатҳи нави рақобати байналмилалӣ мебарояд. Натиҷаҳои дастаи миллӣ дар мусобиқаҳои байналмилалии мотосиклронӣ «Роҳи абрешим–2026», ки 29 март дар ноҳияи Карманаи вилояти Навоии Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор гардид, далели равшани ин раванд мебошанд.

Дар мусобиқа дастаҳо аз Чин, Русия, Беларус, Тоҷикистон, Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон иштирок намуда, сатҳи баланди рақобатро таъмин карданд.
Дастаи мотосиклронҳои Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон натиҷаҳои назаррас нишон дод: Қурбонмурод Ҷӯраев ҷойи якумро ишғол намуд, Анвар Бурхонов мақоми сеюмро соҳиб гардид.
Тавре дар вазорат таъкид мешавад, чунин дастовардҳо дар соҳаи мотоспорт бори аввал дар давраи истиқлоли давлатӣ ба қайд гирифта мешаванд, ки аҳамияти онро боз ҳам бештар мегардонад.
Коршиносон бар онанд, ки ин муваффақият на танҳо натиҷаи маҳорати инфиродии варзишгарон, балки нишондиҳандаи ташаккули равиши низомӣ дар рушди намудҳои техникии варзиш мебошад. Дар солҳои охир таваҷҷуҳ ба ин самт бо дастгирии сохторҳои давлатӣ афзоиш ёфтааст.

Аз ҷумла, бо дастгирии Муассисаи давлатии «Мададгори мудофиа» нақшаи тамринҳои мунтазам тасдиқ гардида, тадбирҳои зарурӣ барои назорат ва ташкили босифати ин самт амалӣ мешаванд.
Таҳлилгарон таъкид мекунанд, ки рушди мотоспорт метавонад ба яке аз унсурҳои муҳими гуногунсозии варзиши миллӣ табдил ёбад. Тоҷикистон дар баробари намудҳои анъанавӣ тадриҷан самтҳои навро низ аз худ мекунад, ки метавонанд мавқеи кишварро дар арсаи байналмилалӣ тақвият бахшанд.
Ба гуфтаи мутахассисон, натиҷаҳои мусобиқаҳои «Роҳи абрешим–2026» на танҳо як пирӯзии якдафъаина, балки нишонаи зуҳури иқтидори нави варзишии кишвар мебошанд. Бо идомаи дастгирии низомӣ ва рушди инфрасохтор, варзишгарони тоҷик метавонанд дар минтақа мавқеи устувор касб намоянд.
АКС: Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
