Пос доштани хотираи Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ Домулло Азизов дар Минск – ИА Караван Инфо
Пос доштани хотираи Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ Домулло Азизов дар Минск

Душанбе, 08 май, – АИ «Корвон Иттилоот». 7 майи соли 2026 дар шаҳри Минск маросими ёдбуд бахшида ба хотираи Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ Домулло Азизов баргузор гардид.

Дар чорабинӣ муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Беларус Павел Утюпин, муовини якуми Котиби генералии ИДМ Игор Петришенко, роҳбарият ва намояндагони корпуси дипломатӣ, Кумитаи иҷроияи ИДМ, маъмурияти ноҳияи Марказии шаҳри Минск, Раёсати маорифи маъмурияти ноҳияи Марказии шаҳри Минск, омӯзгорон, хонандагон ва намояндагони ҷомеа иштирок намуданд.

Маросими тантанавӣ бо гузоштани гулчанбар ба лавҳаи ёдгории Қаҳрамон, ки дар хонаи воқеъ дар кӯчаи ба номи Домулло Азизов насб гардидааст, оғоз ёфт. Сипас чорабинӣ дар назди деворнигорае, ки ба Қаҳрамон бахшида шудааст, бо баргузории барномаи адабию мусиқии «Хотира. Ваҳдат. Қаҳрамонӣ» идома ёфт. Аз ҷониби хонандагон сурудҳои солҳои ҷанг, порчаҳои адабӣ ва суханони сипос ба насли Ғолибон иҷро карда шуданд.

Ҷойгоҳи махсусро дар барнома боздид аз Осорхонаи мактабии Хотира ва Ваҳдат ишғол намуд, ки ба корнамоиҳои Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ Домулло Азизов ва хотираи умумии таърихии халқҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ бахшида шудааст.

Зимни суханронӣ Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус, Намояндаи доимии ваколатдори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди мақомоти оинномавӣ ва дигар мақомоти ИДМ Бахтовар Сафарзода қайд намуд, ки Домулло Азизов ҳамчун омӯзгори деҳот бо исрор хоҳони сафарбар шудан ба ҷабҳа гардида, ба рамзи шуҷоат, фидокорӣ ва садоқат ба Ватан табдил ёфтааст.

Сафир таъкид кард, ки хотираи қаҳрамониҳои халқи шӯравӣ, ки фашизмро мағлуб намуд, наслҳои имрӯзаро муттаҳид сохта, заминаи муҳими таҳкими дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмии байни халқҳои Тоҷикистон ва Беларус мебошад.

Муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Беларус Павел Утюпин қайд намуд, ки мардуми Беларус ҳамеша қаҳрамониҳои халқи шӯравиро, ки ҷаҳонро аз фашизм озод намуд, дар ёд нигоҳ медоранд ва мебояд хотираи қаҳрамонони Ҷанги Бузурги Ватаниро бо эҳтиёт ба насли ҷавон интиқол дод.

Муовини якуми Котиби генералии ИДМ Игор Петришенко таъкид кард, ки ҳифзи хотираи қаҳрамонони Ҷанги Бузурги Ватанӣ пайванди муҳими байни наслҳо буда, ба таҳкими дӯстии байни халқҳо мусоидат менамояд.

Домулло Азизов — зодаи Тоҷикистон, иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва фармондеҳи расчёти пулемётӣ буд. Моҳи октябри соли 1943 ҳангоми убури дарёи Днепр дар минтақаи Лоев ӯ яке аз аввалинҳо шуда ба соҳили душман расид, пулемёти душманро забт намуда, ҳамроҳ бо қисми худ плацдармро нигоҳ дошт ва пешрафти нерӯҳои шӯравиро таъмин кард. Барои шуҷоат ва қаҳрамониаш пас аз маргаш ба унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ сазовор дониста шуд.

24 октябри соли 1943 Домулло Азизов дар ҷангҳо барои озодсозии ноҳияи Лоеви Беларус қаҳрамонона ҳалок гардид.

Чорабинии ёдбуд боз як намунаи муносибати эҳтиромона ба хотираи муштараки таърихӣ, мероси қаҳрамононаи халқҳои ғолиб ва робитаҳои маънавии байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Беларус гардид.

ФОТО: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус

error: