Президенти Чумхурии Точикистон Эмомали Рахмон 4 декабри соли 2024 Фармони “Дар бораи таъин намудани интихоботи даъвати нави Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон ва Мачлисхои махаллии вакилони халк” – ро имзо намуд.
Мувофики Фармони мазкур интихоботи вакилони даъвати нави Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон ва Мачлисхои вакилони халки Вилояти мухтори Кухистони Бадахшон, вилоятхо, шахри Душанбе, шахру нохияхо 2 марти соли 2025 баргузор мегардад.

Дар хамон руз тибки Конуни Чумхурии Точикистон “Дар бораи макомоти худидоракунии шахракхо ва дехот” интихоботи вакилон ба чамоатхои шахракхо ва дехот баргузор мешавад.
Интихоботи аъзои даъвати нави Мачлиси миллии Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон 28 марти соли 2025 баргузор мегардад.
Ёдовар мешавем, ки интихоботи охирини парлумони дар Точикистон 1 марти соли 2020 баргузор шуд. Номзадхо аз хафт хизби сиёсии ба кайд гирифташуда ба мачлиси намояндагон мурочиат намуданд. Дар натичаи овоздихи аксарияти мандатхо ба Хизби Халкии демократии Точикистон (ХХДТ) дода шуданд, ки аз 63 курсии парлумон 47 курсиро ишгол намуд.
Мандатхои бокимонда чунин таксим намуда шуданд: хизби Аграри 7 чой гирифт, Хизби ислохоти иктисоди 5, хизби Коммунисти 2, хизби Демократи ва Сотсиалисти як мандат.
Хизби сотсиал-демократи монеаи мукаррарнамудаи 5 фоизро паси сар нанамуда, танхо 0,32% овозхои интихобкунандагонро чамъ овард ва дар парлумон намояндаги нанамуд.
Аксхо: Осиё-Плюс
