Президенти Тоҷикистон бо кормандони мақомоти адлия мулоқот намуда, самтҳои афзалиятноки ислоҳоти соҳаро муайян кард - ИА Караван Инфо
Президенти Тоҷикистон бо кормандони мақомоти адлия мулоқот намуда, самтҳои афзалиятноки ислоҳоти соҳаро муайян кард

Душанбе, 15 июл, – АИ «Корвон Иттилоот». Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз ифтитоҳи бинои нави Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарону кормандони мақомоти адлияи кишвар мулоқот анҷом дод.

Сарвари давлат иштирокчиёни ҳамоишро бо мавриди истифода қарор гирифтани бинои нави Вазорати адлия табрик намуда, таъкид кард, ки бунёди иншооти муосир нишонаи таваҷҷуҳи хоси давлат ба рушди низоми ҳуқуқӣ ва фароҳам овардани шароити мусоиди фаъолият барои кормандони мақомоти адлия мебошад.

Зимни суханронӣ Президенти мамлакат зикр намуд, ки мақомоти адлия дар ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таъмини волоияти қонун, қонуният ва адолати иҷтимоӣ нақши калидӣ доранд. Ба гуфтаи Пешвои миллат, бинои нави Вазорати адлия на танҳо як иншооти маъмурӣ, балки рамзи эҳтиром ба қонун, давлатдорӣ ва истиқлоли миллӣ мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон аз таърихи чандинҳазорсолаи давлатдории тоҷикон ёдовар шуда, нақши Куруши Кабирро дар ташаккули арзишҳои умумибашарӣ, аз ҷумла адолат, таҳаммулпазирӣ ва ҳифзи ҳуқуқи инсон махсус таъкид намуд.

Ҳамчунин зикр гардид, ки қабули қатъномаи ЮНЕСКО таҳти унвони «Манифести Куруши Кабир: нахустин Эъломияи ҳуқуқи инсон ва гуногунии фарҳангӣ», ки бо ташаббуси Тоҷикистон амалӣ гардид, мояи ифтихори ҳар як шаҳрванди кишвар мебошад.

Сарвари давлат таъкид кард, ки дар давраи истиқлолият дар мамлакат ислоҳоти ҳамаҷонибаи низоми ҳуқуқӣ амалӣ гардида, дар 33 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ биноҳои нави мақомоти адлия сохта ва дар панҷ шаҳру ноҳияи дигар биноҳои мавҷуда пурра таҷдиду азнавсозӣ шудаанд.

Дар ҷараёни мулоқот ба рақамикунонии хизматрасониҳои давлатӣ, рушди низоми «ҳукумати электронӣ», такмили фаъолияти нотариат, мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, баланд бардоштани сифати таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва рушди маърифати ҳуқуқии аҳолӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.

Президенти мамлакат ба Вазорати адлия супориш дод, ки фаъолияти худро ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, омода намудани мутахассисони баландихтисос дар соҳаи ҳуқуқи байналмилалӣ, тавсеаи истифодаи технологияҳои рақамӣ ва такмили сатҳи касбии кормандон, аз ҷумла омӯзиши забонҳои хориҷӣ, боз ҳам тақвият бахшад.

Ҳамчунин ба Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ оид ба такмили низоми назорати дохилӣ, сиёсати кадрӣ ва таъмини иҷрои шаффофу қонунии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» дастуру супоришҳои мушаххас дода шуданд.

Пас аз анҷоми суханронӣ мулоқот дар шакли «саволу ҷавоб» бо иштироки вазири адлия Музаффар Ашуриён ва роҳбарони як қатор вазорату идораҳои дахлдор баргузор гардид. Аз рӯйи натиҷаҳои мулоқот Пешвои миллат барои рушди минбаъдаи низоми адлия ва иҷрои вазифаҳои дар назди соҳа гузошташуда дастуру тавсияҳои мушаххас ироа намуд.

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон