Президенти Тоҷикистон маҷмуи масоили ҳамкориҳоро дар Қатар баррасӣ намуданд - ИА Караван Инфо
Президенти Тоҷикистон маҷмуи масоили ҳамкориҳоро дар Қатар баррасӣ намуданд

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Давҳа дар ҳошияи Нишасти сеюми Муколамаи Ҳамкории Осиё таҳти унвони “Дипломатияи варзишӣ” бо Амири Давлати Қатар Шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ мулоқот намуданд.

Дар вохӯрӣ маҷмуи масоили ҳамкории Тоҷикистону Қатар мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Президенти Тоҷикистон аз мулоқотҳои сатҳи олӣ, ки нишондиҳандаи баланди эътимод ва ҳусни бародарӣ миёни Тоҷикистону Қатар мебошад, изҳори қаноатмандӣ намуданд.

“Густариши ҳамкорӣ бо Давлати Қатар дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат ва сармоягузорӣ аз авлавиятҳои сиёсати хориҷии Тоҷикистон мебошад” — таъкид доштанд, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Бахшҳои энергетика, саноат, кишоварзӣ, бонкдорӣ, сайёҳӣ ва нақлиёту коммуникатсия аз самтҳои ояндадори робитаҳои ду кишвар номида шуд.

Ҳар ду ҷониб алоқамандии худро ба фаъол гардонидани кори Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ иброз доштанд. Ҷалби сармоягузорони Қатар, аз ҷумла имконоти бо Фонди Қатар оид ба рушд ба бахшҳои гуногуни иқтисоди кишвари мо, аз ҷумла барои бунёди иншооти тавлиди нерӯи барқ аз манбаъҳои барқароршаванда дар Тоҷикистон муҳим шумурда шуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон инчунин бо Сарвазири Шоҳигарии Таиланд хонум Паэтонгтарн Чинаватра мулоқот намуданд.

Дар вохӯрӣ масоили таҳкиму тавсеаи муносибатҳои ҳамкории Тоҷикистону Таиланд мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Эмомалӣ Раҳмон дар оғози мулоқот хонум Паэтонгтарн Чинаватраро ба муносибати интихоб шуданашон ба вазифаи Сарвазири Шоҳигарии Таиланд самимона табрик намуданд.

Сарвари давлати мо таъкид доштанд, ки Тоҷикистон ва Тайландро равобити судбахш ба ҳам мепайванданд ва изҳори умедворӣ намуданд, ки мо дар якҷоягӣ ба муносибатҳои кишварҳоямон такони нав хоҳем бахшид.

Масоили тавсеаи ҳамкории ду кишвар дар бахшҳои ояндадори тиҷорату иқтисод, сармоягузорӣ, кишоварзӣ, нақлиёту боркашонӣ ва саноат  аз мавзӯъҳои муҳими суҳбат буд.

Содироти молу маҳсулоти мухталиф, аз қабили пахта, аллюминий, меваҳои хушк, маъданҳо ба Таиланд ва таҷҳизоти электронӣ, мошину мошинолот ба Тоҷикистон аз самтҳои дигари ҳамкории судманд номида шуд.

Нақши робитаҳои байнипарлумонӣ дар таҳкими муносибатҳои дуҷонибаи кишварҳо муҳим арзёбӣ гардид.

Дар фароварди суҳбат Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз хонум Паэтонгтарн Чинаватра даъват намуданд, ки дар вақти барояшон муносиб бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф биёранд.

АКС: хадамоти матбуоти Президенти ҶТ

error: