Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Дабири кулли САҲА Феридун Синирлиоғлуро ба ҳузур пазируфт – ИА Караван Инфо
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Дабири кулли САҲА Феридун Синирлиоғлуро ба ҳузур пазируфт

Душанбе, 21 май, – АИ «Корвон Иттилоот». 20 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Дабири кулли Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) Феридун Синирлиоғлуро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо ин созмони байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

«Мо густариши минбаъдаи шарикӣ бо САҲА-ро муҳим мешуморем», — таъкид намуд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози суҳбат.

Дар ин замина таваҷҷуҳи асосӣ ба масъалаҳои ҳамкории дуҷониба дар ҳамаи се самти асосии фаъолияти Созмон — низомӣ-сиёсӣ, иқтисодию экологӣ ва инсонӣ равона гардид.

Сарвари давлат махсусан таъкид намуд, ки «мо кӯшиш ба харҷ медиҳем, то барнома ва лоиҳаҳое, ки дар Тоҷикистон амалӣ мешаванд, ба ниёзҳои воқеии мардуми мо ҷавобгӯ бошанд». Дар ин робита фаъолияти мусбати Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе ва Коллеҷи сарҳадии САҲА барои ҳайати роҳбарикунанда зикр карда шуд.

Дар самти низомӣ-сиёсӣ ба идомаи татбиқи лоиҳаҳо оид ба пешгирии киберҷинояткорӣ, мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, такмили расмиёти гумрукӣ ва табодули иттилоот ҳамчун самтҳои афзалиятнок ишора гардид.

Таваҷҷуҳи муҳим ҳамчунин ба ҳаҷм ва сифати барнома ва лоиҳаҳои Созмон дар бахшҳои иқтисодӣ ва экологӣ, аз ҷумла дар самтҳои об ва иқлим, иқтисоди «сабз», бахусус энергетикаи «сабз», инчунин технологияҳои рақамӣ зоҳир шуд.

Илова бар ин, масъалаҳои омодагӣ ба ду конфронси байналмилалӣ — оид ба мушкилоти глобалии об ва оид ба мубориза бо терроризм ва маблағгузории он, ки дар моҳҳои май ва июни соли ҷорӣ дар Душанбе ва Ню-Йорк баргузор мегарданд, мавриди баррасии алоҳида қарор гирифтанд.

Густариши ҳамкорӣ дар самти инсонӣ бо дарназардошти афзалиятҳои миллии Тоҷикистон низ аз мавзӯъҳои асосии суҳбат буд. Дар ин замина, ҳамкорӣ дар самтҳои ҳифзи ҳуқуқи инсон, такмили низоми интихобот, таъмини баробарии гендерӣ, пешгирии зӯроварӣ дар оила, мубориза бо савдои одамон, рушди сиёсати ҷавонон ва тақвияти иқтидори воситаҳои ахбори омма баррасӣ гардид.

Ҳамчунин табодули густурдаи афкор оид ба масъалаҳои рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ сурат гирифт.

Дар ин робита Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар мавқеи устувори Тоҷикистонро оид ба аҳамияти истифодаи роҳҳои осоишта барои ҳалли ҳамаи ихтилофҳо таъкид намуд. «Мехоҳам бори дигар таъкид намоям, ки мо музокирот ва дипломатияро ягона воситаи самараноки таҳкими фазои эътимод дар муносибатҳои байналмилалӣ медонем», — изҳор дошт Президенти Тоҷикистон.

Дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо омодагии худро барои идомаи ҳамкории созанда ва таҳкими минбаъдаи он таъкид намуданд.

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

error: