Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф»-ро имзо намуд - ИА Караван Инфо
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф»-ро имзо намуд

Душанбе, 17 июн, – АИ «Корвон Иттилоот».  16 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо истифода аз ҳуқуқи конститутсионии худ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф»-ро пешниҳод намуда, пас аз қабули он қонунро имзо кард.

Қабули Қонуни «Дар бораи авф» ифодаи сиёсати башардӯстонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки ба шахсони содиркардаи ҷиноят имкон медиҳад ислоҳ шуда, ба назди наздикону пайвандонашон баргарданд ва ба фаъолияти созанда машғул шаванд.

Қонуни мазкур ба 18 038 (ҳаждаҳ ҳазору сию ҳашт) маҳкумшуда татбиқ мегардад. Аз ҷумла, аз муассисаҳои ислоҳӣ ва дигар намуди ҷазоҳо 11 305 (ёздаҳ ҳазору сесаду панҷ) нафар пурра озод карда мешаванд. Муҳлати боқимондаи ҷазо барои 6 733 (шаш ҳазору ҳафтсаду сию се) нафар кам карда мешавад.

Дар қонун барои занон ва ноболиғон имтиёзҳои бештар пешбинӣ шудааст. Аз 507 (панҷсаду ҳафт) зани маҳкумшуда 248 (дусаду чилу ҳашт) нафар аз адои ҷазои боқимонда озод карда мешаванд ва нисбат ба 259 (дусаду панҷоҳу нӯҳ) нафар муҳлати ҷазо кам карда мешавад. Аз 134 (саду сию чор) ноболиғи маҳкумшуда 99 (наваду нӯҳ) нафар аз адои ҷазо озод гардида, нисбат ба 35 (сию панҷ) нафар муҳлати боқимонда кам карда мешавад.

Қонуни «Дар бораи авф» инчунин нисбат ба шахсоне татбиқ мегардад, ки парвандаҳояшон дар мақомоти судӣ, таҳқиқ ва тафтишот қарор дорад.

Дар қонун ба мақомоти дахлдор супориш дода шудааст, ки иҷрои онро дар муҳлати ду моҳ таъмин намуда, ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобот пешниҳод намоянд.

Инчунин дар санад пешбинӣ шудааст, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва дигар ниҳодҳои давлатӣ ҷиҳати таъмини шуғли шахсони аз муассисаҳои ислоҳӣ озодшуда, фарогирии ноболиғон ба таҳсил, бақайдгирӣ ва баҳисобгирии ягонаи онҳо тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Қонуни мазкур барои нашр дар матбуот пешниҳод мегардад.

ФОТО: Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан