Душанбе, 16 июн, – АИ «Корвон Иттилоот». Дар шаҳри Бохтар даври навбатии барномаи байналмилалии таълимии «Пули дӯстӣ», ки ба тарғиби забони русӣ ва фарҳанги Русия миёни кӯдакон ва наврасон равона шудааст, ба анҷом расид. Барнома аз 8 то 13 июн дар заминаи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии Россияву Тоҷикистон ба номи М.В. Ломоносов баргузор гардида, 150 нафар хонанда аз Тоҷикистонро фаро гирифт.

Дар давоми як ҳафта иштирокчиён тавассути машғулиятҳои интерактивӣ, дарсҳои эҷодӣ, бозиҳои мардумӣ, рақсҳо, афсонаҳо, квестҳо ва чорабиниҳои даставӣ бо забон ва фарҳанги русӣ шинос шуданд. Ҳар рӯзи барнома ба мавзӯи алоҳида — Рӯзи дӯстӣ, бозиҳои мардумӣ, афсонаҳои русӣ, фарҳанги рақс, Рӯзи Русия ва ҷашни ҷамъбастии «Пули дӯстӣ» бахшида шуда буд.
Ба барнома бозиҳои мардумии русӣ, флешмобҳои рақсӣ, машғулиятҳо аз рӯи афсонаҳои шоири бузурги рус Александр Пушкин, сайри интерактивӣ аз рӯи масирҳои «Ҳалқаи тиллоии Русия», дарси муштараки «Хлеб да каша – пища наша», фестивали бозиҳои русии «Эҳ, разгуляй!», этноквести «Русская удаль», фестивали рақси мардумии «Развесёлое Лукоморье», бозии зеҳнии «Матрёшка знаний. Россия от А до Я» ва викторинаи маърифатии «Тайны тридесятого царства» дохил буданд.

Дар натиҷаи машғулиятҳо кӯдакон корҳои эҷодии худро офариданд: лӯхтакҳои матоӣ, дастпонаҳои дӯстӣ, табрикномаҳо ва панноҳо бо услуби гжел, расму тасвирҳо аз рӯи афсонаҳои мардумии русӣ ва инчунин ҳунарҳое, ки аз анъанаҳои ҳунарҳои мардумӣ илҳом гирифта шудаанд.
Ташкилкунандагон қайд мекунанд, ки шакли интерактивии омӯзиш ба азхудкунии босуръати забони русӣ мусоидат менамояд. Иштирокчиён на танҳо бо калимаҳо ва ибораҳои нав шинос шуданд, балки онҳоро дар ҷараёни бозиҳо, муҳокимаҳо ва лоиҳаҳои муштарак амалӣ истифода бурданд. Махсусан бозиҳои мардумӣ, зарбулмасалу мақолҳо миёни кӯдакон маҳбубият пайдо карданд ва барои рафъи монеаи забонӣ мусоидат намуданд.
Дар ҷараёни машғулиятҳо хонандагон инчунин муштаракоти зиёдеро миёни фарҳангҳои тоҷик ва рус ошкор карданд — эҳтиром ба бузургсолон, меҳмоннавозӣ, анъанаҳои оилавӣ ва мероси ғании мардумӣ. Ин равиш ба иштирокчиён имкон дод, ки на танҳо дар бораи фарҳанги Русия маълумот гиранд, балки онро тавассути эҷодкорӣ, ҳаракат ва муоширати зинда эҳсос намоянд.

Даври навбатии барномаи «Пули дӯстӣ» дар Тоҷикистон аз 22 то 27 июн дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии Россияву Тоҷикистон ба номи А.П. Чехов дар шаҳри Хуҷанд баргузор мегардад. Интизор меравад, ки дар он ҳудуди 100 нафар кӯдак иштирок намоянд.
Барномаи «Пули дӯстӣ» аз ҷониби Фонди дастгирии илмҳои гуманитарии «Таърихи ман» бо дастгирии Вазорати маорифи Федератсияи Россия амалӣ карда мешавад. Аз соли 2024 то имрӯз тақрибан 2500 кӯдак аз зиёда аз 30 кишвари ҷаҳон дар он иштирок намудаанд. Дар соли ҷорӣ ду даври аввалини барнома дар Маркази байналмилалии кӯдаконаи «Артек» баргузор шуданд. Дар оянда чорабиниҳои лоиҳа инчунин дар Абхазия, Қирғизистон, Ӯзбекистон ва марказҳои умумирусиягии кӯдаконаи «Океан» ва «Смена» доир мегарданд.
АКС: Барномаи байналмилалии таълимии «Пули дӯстӣ»
