Душанбе, 04 апрел, – АИ «Корвон Иттилоот». Тоҷикистон дар роҳи навсозии низоми энергетикӣ ва мутобиқшавӣ ба равандҳои муосири технологӣ қадами нав мегузорад.

Имзои созишномаи ҳамкорӣ миёни Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Шабакаҳои интиқоли барқ» ва Ҷамъияти саҳомии «Маркази илмӣ-техникии низоми ягонаи энергетикӣ»-и Федератсияи Русия дар шаҳри Қазон нишонаи равшани таҳкими робитаҳои касбӣ ва технологӣ дар соҳа мебошад.
Санад 2 апрел дар шаҳри Қазон аз ҷониби муовини директори генералии ҶСК «Шабакаҳои интиқоли барқ» Баходур Усмонов ва директори генералии ҶСК «НТЦ ЕЭС» Руслан Измайлов ба имзо расид. Созишнома ба таҳкими ҳамкориҳои дарозмуддат ва рушди шарикии судманд дар бахши энергетика равона шудааст.
Моҳиятан, сухан дар бораи густариши ҳамкориҳои технологӣ меравад. Ҷонибҳо тасмим гирифтанд, ки дар самтҳои муҳими стратегӣ, аз ҷумла рушди технологияҳои идорашавандаи интиқоли ҷараёни тағйирёбанда, фаъолиятро тақвият бахшанд. Аз ҷумла, татбиқи трансформаторҳои фазапеч ва системаҳои ҷуброни қувваи реактивӣ ба баланд бардоштани устувории шабакаҳо ва коҳиши талафот мусоидат мекунад.
Ҳамчунин, рақамикунонии соҳа яке аз самтҳои калидӣ маҳсуб меёбад. Дар доираи созишнома татбиқи технологияҳои муосири ҳифзи релеӣ ва идоракунии зиддиавариявӣ пешбинӣ шудааст, ки барои таъмини кори устувори низоми энергетикӣ аҳамияти муҳим доранд.
Самти дигари муҳим — мутобиқсозии талаботи техникӣ ба таҷҳизоти интиқоли барқ мебошад. Ин имкон медиҳад, ки сатҳи сифати инфрасохтор баланд гардида, ҷорӣ намудани технологияҳои нав осонтар шавад.
Коршиносон бар он назаранд, ки чунин созишномаҳо нишондиҳандаи гузариш ба низомҳои интеллектуалӣ ва рақамии идоракунии энергетика дар минтақа мебошанд. Барои Тоҷикистон, ки дорои иқтидори бузурги гидроэнергетикӣ аст, ин имкониятҳои нав барои баланд бардоштани самаранокӣ ва содироти неруи барқ фароҳам меорад.
Имзои санад дар шаҳри Қазон инчунин нақши афзояндаи марказҳои технологиро дар ташаккули ҳамкориҳои энергетикӣ таъкид мекунад.
Ҳамин тариқ, созишномаи баимзорасида на танҳо як ҳуҷҷати соҳавӣ, балки бахше аз стратегияи васеи навсозии энергетикаи Тоҷикистон мебошад. Дар шароити гузариши ҷаҳонӣ ба энергетикаи устувор, чунин иқдомҳо аҳамияти калидӣ касб мекунанд.
Акс: Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон
