Рӯзҳои фарҳангии шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон дар боғҳои Душанбе идома доранд - ИА Караван Инфо
Рӯзҳои фарҳангии шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон дар боғҳои Душанбе идома доранд

Душанбе, 09 июн, – АИ «Корвон Иттилоот». Рӯзҳои фарҳангии шаҳру ноҳияҳои кишвар ҳар рӯзи шанбе ва якшанбе дар боғҳои пойтахт аз 6 июн то 23 августи соли 2026 баргузор мегарданд. Ин чорабиниҳо ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудаанд.

Дар доираи барномаи фарҳангӣ кормандони шуъбаҳои фарҳанги вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ба сокинон ва меҳмонони шаҳри Душанбе барномаҳои ҷолиби консертӣ, инчунин намоишгоҳҳои молу маҳсулот ва ҳунарҳои мардумиро пешниҳод менамоянд. Ҳадафи асосии ин иқдом тарғиби мероси фарҳангии минтақаҳо, дастгирии ҳунармандон ва таҳкими робитаҳои фарҳангии байнишаҳриву байниноҳиявӣ арзёбӣ мегардад.

Пешбинӣ шудааст, ки чорабиниҳо дар доираи Рӯзҳои фарҳангӣ дар боғҳои фароғатии пойтахт, аз ҷумла «Кӯли ҷавонон», боғи ба номи Садриддин Айнӣ, боғи ба номи Алишери Навоӣ, боғи ба номи Абулқосими Фирдавсӣ ва дигар боғҳои фарҳангию фароғатии шаҳри Душанбе баргузор шаванд.

Дар қатори чорабиниҳои нахустин, дар Муассисаи давлатии «Боғи Ирам»-и шаҳри Душанбе бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, таомҳои миллӣ ва ҳунарҳои мардумӣ баргузор гардид.

Чорабинӣ дар фазои идона доир гардида, намояндагони сохторҳои давлатӣ, ҳунармандон ва сокинони пойтахтро гирди ҳам овард. Ҳадафи асосии он муаррифии иқтидори истеҳсолии минтақаҳо, дастгирии ҳунарҳои мардумӣ ва таҳкими робитаҳои фарҳангиву иқтисодӣ миёни шаҳру ноҳияҳои кишвар мебошад.

Дар намоиш-фурӯш ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом, намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ, инчунин намояндагони вазорату идораҳои ҷумҳурӣ иштирок намуданд.

Меҳмонон аз гӯшаи намоишии ҳунармандони шаҳри Конибодоми вилояти Суғд боздид карданд. Дар он маҳсулоти гуногуни кишоварзӣ, таомҳои миллӣ ва намунаҳои ҳунарҳои мардумӣ бо сатҳи баланди ороиш ва пешниҳоди касбӣ ба намоиш гузошта шуда буданд.

Ҳунармандони шаҳри Конибодом бо завқ ва масъулияти баланди эҷодӣ ҳунару истеъдоди худро ба сокинони пойтахт муаррифӣ намуда, намунаҳои ҳунарҳои дастии анъанавии минтақаи худро пешниҳод карданд. Иштироки онҳо бори дигар собит намуд, ки ҳунарҳои мардумӣ дар Тоҷикистон на танҳо ҷузъи мероси фарҳангӣ, балки воситаи муҳими муаррифии минтақаҳо дар сатҳи фарҳангиву иқтисодӣ ба шумор мераванд.

Ба андешаи коршиносон, баргузории чунин намоиш-фурӯшҳо дар пойтахт ба рушди бозори маҳсулоти ватанӣ, дастгирии ҳунармандон ва афзоиши таваҷҷуҳи аҳолӣ ба истеҳсоли маҳаллӣ мусоидат менамояд. Ҳамзамон, чунин чорабиниҳо дар таҳкими ҳамгироии иҷтимоӣ ва шиносоии сокинони пойтахт бо имкониятҳои шаҳру ноҳияҳои кишвар нақши муҳим доранд.

Намоиш дар «Боғи Ирам» бо таваҷҷуҳи зиёди сокинони Душанбе баргузор гардида, ҳамчун намунаи равшани ҳамбастагии фарҳанг, истеҳсолот ва ҳунарҳои суннатӣ арзёбӣ мешавад.

Гузориши аксӣ аз баргузории Рӯзҳои фарҳангии шаҳри Конибодом дар «Боғи Ирам»-и шаҳри Душанбе, 07.06.2026