«Рӯзи Ғалаба — рамзи шуҷоат ва қаҳрамонӣ»: дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон конференсияи илмӣ баргузор гардид – ИА Караван Инфо
«Рӯзи Ғалаба — рамзи шуҷоат ва қаҳрамонӣ»: дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон конференсияи илмӣ баргузор гардид

Душанбе, 09 май, – АИ «Корвон Иттилоот». Дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба 81-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ конференсияи илмию амалӣ таҳти унвони «Рӯзи Ғалаба — рамзи шуҷоат ва қаҳрамонӣ» баргузор гардид. Чорабинӣ олимон, муҳаққиқон ва намояндагони ҷомеаи илмиро барои бознигарии саҳми таърихии мардуми тоҷик дар солҳои ҷанг ва аҳамияти ҳифзи хотираи миллӣ гирди ҳам овард.

Кори конференсияро ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Саломиён Муҳаммаддовуд ифтитоҳ намуда, дар суханронии худ аз шуҷоату ҷасорати мардуми тоҷик дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ёдовар шуд. Ӯ таъкид кард, ки корнамоиҳои фарзандони Тоҷикистон дар фронт ва ақибгоҳ ҳамчун намунаи ватандӯстӣ ва садоқат ба Ватан дар таърихи миллӣ ҷойгоҳи махсус доранд.

Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт, зимни суханронии муқаддимавӣ Рӯзи Ғалабаро яке аз рӯйдодҳои муҳим ва мондагори таърихи миллати тоҷик арзёбӣ кард. Ба гуфтаи ӯ, гиромидошти хотираи иштирокчиён ва қурбониёни ҷанг, эҳтиром ба хизматҳои собиқадорон ва тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва худшиносӣ аз вазифаҳои муҳими ҷомеаи муосир маҳсуб меёбад.

Дар ҷараёни ҳамоиш таъкид гардид, ки таҷлили ҳамасолаи Рӯзи Ғалаба ҳамчун иди умумихалқӣ нишони эҳтиром ба қаҳрамонӣ ва анъанаҳои пуршарафи ҷангии насли калонсол мебошад. Ҳамзамон иштирокчиён ёдовар шуданд, ки Ҷанги Бузурги Ватанӣ яке аз фоҷиабортарин ҷангҳои таърихи инсоният буда, 1418 шабонарӯз идома карда, ҷони беш аз 28 миллион нафарро рабудааст.

Иштирокчиён на танҳо аз қаҳрамониҳои сарбозони тоҷик дар майдони ҷанг, балки аз саҳми сокинони ҷумҳурӣ дар ақибгоҳ низ ёд карданд. Зикр гардид, ки мардуми Тоҷикистон, новобаста ба душвориҳои вазнини солҳои ҷанг, шабонарӯзӣ меҳнат намуда, барои фронт сару либос, маводи ғизоӣ ва дигар лавозимоти заруриро мефиристоданд. Маҳз устуворӣ, меҳнатдӯстӣ ва иродаи қавии мардум яке аз омилҳои муҳими Ғалаба арзёбӣ шуд.

Дар идомаи конференсия олимон ва муҳаққиқон дар маърӯзаҳои худ аз корнамоиҳои падарону бобоён дар мубориза бар зидди фашизм ёдовар шуда, ҷасорат, далерӣ ва ҳисси баланди ватандӯстии онҳоро васф намуданд.

АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

error: